https://sputnik.tj/20210422/bonki-avruosiyoi-rushd-rushd-iqtisod-tojikiston-rusiya-1038914758.html
Бонки рушди АвруОсиё: Русия метавонад барои рушди иқтисоди Тоҷикистон кумак намояд
Бонки рушди АвруОсиё: Русия метавонад барои рушди иқтисоди Тоҷикистон кумак намояд
Sputnik Тоҷикистон
Рушди иқтисоди Русия ба пешравии дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвуОсиё ва дар маҷмӯъ Иттиҳод таъсири мусбат мебахшад
2021-04-22T11:35+0500
2021-04-22T11:35+0500
2021-07-21T18:51+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
рушд
дар русия
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/81/1027948123_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_21f027dae1004c367b52b5318c39c8d5.jpg
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Рушди иқтисоди Русия ба пешравии дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дар маҷмӯъ Иттиҳод таъсири мусбат мебахшад. Дар ин бора таъкид дошт сариқтисодчии Бонки рушди АвруОсиё Евгений Винокуров зимни шарҳи паёми Владимир Путин раисҷумҳури Русия ба Маҷлиси Федералӣ. "Русия шарики аслии тиҷорӣ барои кишварҳои Иттиҳодия мебошад. Ғайр аз ин, аксари пул ба Арманистон ва Қирғизистон, инчунин ба Тоҷикистон аз Русия фиристода мешавад. Дар ин робита афзоиши эҳтимолии рушди иқтисодии дарозмуддат дар Русия ба рушди иқтисодии дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дар маҷмӯъ Иттиҳод таъсири мусбат мебахшад".Коршинос таъкид кард, ки иқтисоди Русия миёни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бузургтарин ба ҳисоб меравад. Русия беш аз 85 дарсади ММД Иттиҳодияро ташкил медиҳад, ки дар он беш аз 75 дарсади аҳолии Иттиҳодия ба сар мебаранд.Владимир Путин дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Федералӣ дар бораи рушди лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ сухан кард."Одатан афзоиши даромади шаҳрвандони на он қадар сарватманд ба истеъмоли онҳо таъсири шадидтар мерасонад, зеро қисми зиёди даромад ба ҷои сарфа харҷ мешавад. Мо пешгӯи мекунем, ки дар соли равон рушди ММД 3,3 дарсадро ташкил хоҳад дод", - гуфт Винокуров.
https://sputnik.tj/20210219/Zavqizoda-iqtisodi-Tajikistan-qarzu-grant-jalb--1032855159.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/81/1027948123_254:0:1694:1080_1920x0_80_0_0_187a948c8f7841e3405f9c366d2073ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, рушд, иқтисод, тоҷикистон
русия, рушд, иқтисод, тоҷикистон
Бонки рушди АвруОсиё: Русия метавонад барои рушди иқтисоди Тоҷикистон кумак намояд
11:35 22.04.2021 (Навсозишуда: 18:51 21.07.2021) Коршиносони иқтисодӣ боварӣ доранд, ки беҳбудӣ дар иқтисоди Русия метавонад ба дигар кишварҳо таъсири мусбат расонад
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Рушди иқтисоди Русия ба пешравии дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дар маҷмӯъ Иттиҳод таъсири мусбат мебахшад. Дар ин бора таъкид дошт сариқтисодчии Бонки рушди АвруОсиё Евгений Винокуров зимни шарҳи паёми Владимир Путин раисҷумҳури Русия ба Маҷлиси Федералӣ.
"Русия шарики аслии тиҷорӣ барои кишварҳои Иттиҳодия мебошад. Ғайр аз ин, аксари пул ба Арманистон ва Қирғизистон, инчунин ба Тоҷикистон аз Русия фиристода мешавад. Дар ин робита афзоиши эҳтимолии рушди иқтисодии дарозмуддат дар Русия ба рушди иқтисодии дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дар маҷмӯъ Иттиҳод таъсири мусбат мебахшад".
Коршинос таъкид кард, ки иқтисоди Русия миёни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бузургтарин ба ҳисоб меравад. Русия беш аз 85 дарсади ММД Иттиҳодияро ташкил медиҳад, ки дар он беш аз 75 дарсади аҳолии Иттиҳодия ба сар мебаранд.
Владимир Путин дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Федералӣ дар бораи рушди лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ сухан кард.
"Одатан афзоиши даромади шаҳрвандони на он қадар сарватманд ба истеъмоли онҳо таъсири шадидтар мерасонад, зеро қисми зиёди даромад ба ҷои сарфа харҷ мешавад. Мо пешгӯи мекунем, ки дар соли равон рушди ММД 3,3 дарсадро ташкил хоҳад дод", - гуфт Винокуров.