https://sputnik.tj/20210421/tojikistonu-rusiya-hamkori-muhojirati-mehnati-barrasi-1038863718.html
Тоҷикистону Русия вазъи кунунии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Русия вазъи кунунии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахт масъалаи барасмиятдарории будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ва бақайдгирии аъзои оилаи онҳо баррасӣ шуд
2021-04-21T09:45+0500
2021-04-21T09:45+0500
2021-04-21T09:45+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
ҳамкорӣ
мулоқот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/15/1038863688_0:54:2048:1206_1920x0_80_0_0_1366d0e304a699f62f5f0681d0bccb06.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат. Зимни мулоқот Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ ҳамроҳ бо Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Казакова Валентина масоили васеи муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуд. Гуфта шудааст, ки дар мулоқот Амонзода иброз дошт, ки равобити дӯстонаи таърихан шаклгирифта боз ҳам устувортар гардида, масъалаи муҳоҷират ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар мадди назар қарор гирад. Зикр шудааст, ки дар мулоқот масоили вазъи кунунии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ва мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла барасмиятдарории будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирии аъзои оилаи онҳо, табодули маълумоти оморӣ, саривақт пардохт нагардидани музди меҳнати муҳоҷирон, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин зимни мулоқоти ошкоро мушкилоти ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Русия баррасӣ шуд.
https://sputnik.tj/20210420/muhojiron-hayati-balandpoyai-rusiya-voridi-dushanbe-shud-1038800050.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/15/1038863688_91:0:1911:1365_1920x0_80_0_0_862c6fe3c9b61b916b14797f8cb32f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, русия, тоҷикистон
муҳоҷират, русия, тоҷикистон
Тоҷикистону Русия вазъи кунунии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд
Дар пойтахт масъалаи барасмиятдарории будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ва бақайдгирии аъзои оилаи онҳо баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.
Зимни мулоқот Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ ҳамроҳ бо Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Казакова Валентина масоили васеи муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуд.
Гуфта шудааст, ки дар мулоқот Амонзода иброз дошт, ки равобити дӯстонаи таърихан шаклгирифта боз ҳам устувортар гардида, масъалаи муҳоҷират ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар мадди назар қарор гирад.
Зикр шудааст, ки дар мулоқот масоили вазъи кунунии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ва мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла барасмиятдарории будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирии аъзои оилаи онҳо, табодули маълумоти оморӣ, саривақт пардохт нагардидани музди меҳнати муҳоҷирон, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин зимни мулоқоти ошкоро мушкилоти ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Русия баррасӣ шуд.