Путин шарти вуруди хориҷиён ба Русияро гуфт

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкИностранные туристы на Красной площади в Москве
Иностранные туристы на Красной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Обуна шудан
Владимир Путин гуфт, ки Русия дӯстони хориҷиро истиқбол мекунад ва барои онҳо боз аст
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Пас аз лағви маҳдудиятҳо, Русия омода аст, ки дубора меҳмонони хориҷиро пазироӣ кунад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Русия барои ҳама дӯстон боз, вақте ки вазъи эпидемиологӣ имкон фароҳам овард, мо фавран сайёҳиро барои меҳмонони хориҷӣ барқарор хоҳем кард", - гуфт кишвардори Русия зимни ироаи паёмаш ба Маҷлиси Федералӣ.
Путин таъкид кард, ки пас аз лағви маҳдудиятҳои "ковидӣ", миллионҳо сайёҳон аз тамоми ҷаҳон дубора ба Русия хоҳанд омад.
Ба гуфти вай, сайёҳони хориҷие, ки пас аз кушодани марзҳо ба кишвар меоянд, бояд имкони дар муддати 4 рӯз гирифтани раводиди электрониро ба даст оранд.
Туристические палатки на поляне Москвина в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Дар Тоҷикистон Феҳрасти давлатии захираҳои сайёҳӣ таҳия мешавад
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21 апрел президенти Русия Владимир Путин ба Маҷлиси Федералӣ паём мефиристад, раҳбари Федератсияи Русия ба масъалаҳое чун вазъи кишвар, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат дахл кард.
Ёдрас мешавем, ки аввалин паёми президенти Русия 24 феврали соли 1994 ироа шуда буд.
Владимир Путин бори аввал 8 майи соли 2000 ба ҳайси роҳбари давлат дар Маҷлиси Федералӣ суханронӣ кард. Тӯлонитарин паёми Путин дар соли 2018 буд, ки ду соат давом кард.
Лентаи хабарҳо
0