https://sputnik.tj/20210421/namoishi-konserthoi-roygon-boghhoi-dushanbe-1038908999.html
Намоиши консертҳои ройгон дар боғҳои Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолият
Намоиши консертҳои ройгон дар боғҳои Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолият
Sputnik Тоҷикистон
Аз нимаи дуюми моҳи апрел рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаи мутрибон баргузор мегардад.
2021-04-21T20:40+0500
2021-04-21T20:40+0500
2021-04-21T20:45+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
консерт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101671/79/1016717987_0:0:1601:901_1920x0_80_0_0_832a1c7b783688dde3df292570395a7f.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Аз нимаи дуюми моҳи апрел рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаи мутрибон баргузор мегардад. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, овозхонҳои муассисаҳои консертию таълимии ин ниҳод ҳар ҳафта бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ барномаҳои ҳунаро пешниҳод мекунанд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг изҳор доштааст, ки барномаҳои ҳунарӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи “Устод Рӯдакӣ”, боғи “Парчами давлатӣ”, боғи “Ирам” ва дар боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ баргузор мешаванд. Нахустин консертро дар боғҳои мазкур мутрибони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, мутрибони Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси “Сомон” намоиш доданд. Инчунин дар боғи “Куруши Кабир”, навозандагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, дар боғи “С. Айнӣ”, ҳунармандони мактаби мусиқии №3-и шаҳри Душанбе, дар боғи “Мироненко” навозандагони мактаби мусиқии №6-и шаҳри Душанбе ва дар боғи “Навоӣ” мутрибони Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Душанбе барномаи мукаммали ҳунариро манзури тамошобинон гардонидаанд.
https://sputnik.tj/20210315/Navruz-2021-Maskav-1033004070.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101671/79/1016717987_0:0:1423:1067_1920x0_80_0_0_7ad419ac42ef59201b1c4e0bb87e067e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
консерт, ройгон, истиқлол
консерт, ройгон, истиқлол
Намоиши консертҳои ройгон дар боғҳои Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолият
20:40 21.04.2021 (Навсозишуда: 20:45 21.04.2021) Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар боғҳои шаҳри Душанбе барномаҳои ҳунарии ройгон пешниҳод мекарданд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Аз нимаи дуюми моҳи апрел рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаи мутрибон баргузор мегардад.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, овозхонҳои муассисаҳои консертию таълимии ин ниҳод ҳар ҳафта бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ барномаҳои ҳунаро пешниҳод мекунанд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг изҳор доштааст, ки барномаҳои ҳунарӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи “Устод Рӯдакӣ”, боғи “Парчами давлатӣ”, боғи “Ирам” ва дар боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ баргузор мешаванд.
Нахустин консертро дар боғҳои мазкур мутрибони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, мутрибони Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси “Сомон” намоиш доданд.
Инчунин дар боғи “Куруши Кабир”, навозандагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, дар боғи “С. Айнӣ”, ҳунармандони мактаби мусиқии №3-и шаҳри Душанбе, дар боғи “Мироненко” навозандагони мактаби мусиқии №6-и шаҳри Душанбе ва дар боғи “Навоӣ” мутрибони Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Душанбе барномаи мукаммали ҳунариро манзури тамошобинон гардонидаанд.