Наврӯзи 2021 дар Маскав: аз таомҳои миллӣ то волейболу консерт бо ширкати 30 овозхон

© FacebookТаджики отметили в Москве День России
Таджики отметили в Москве День России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Обуна шудан
Соли гузашта бо қарори раиси шаҳри Маскав, таҷлил гардидани Наврӯзи Аҷам лағв шуд. Аммо имсол алорағми пандемияи коронавирус ин ҷашни ниёгон дар пойтахти Русия баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Созмони ҷамъиятии "Нур" тасмим гирифтааст, имсол ҷашни "Наврӯз" - и аҷамро дар Лужникии шаҳри Маскав баргузор кунад.
Аз намояндаии ин созмон ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки ҷашни асосӣ рӯзи 21 март, аз соати 10:00 ба вақти Маскав шурӯъ мешавад.
Празднование Навруза на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2019
Аз се тон оши палав то куштӣ: таҷлили Наврӯз дар ВДНХ Маскав-Навор
Барномае, ки Созмони "Нур" дар ихтиёри Sputnik гузошт, ниҳоят рангоранг аст. Чорабинии ҷашнӣ бо садои карнаю сурнай оғоз мешавад.
Зимнан, мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили теннису волейбол ва куштӣ баргузор мешаванд.
Илова бар ин, дар як гӯшаи толори консертӣ, намоиши либосу хӯрокворӣ низ ба маърази ом гузошта мешавад. Зикр мегардад, ки ҳудуди 30 ҳунарманди хушсалиқа, ба мисли Ноҳид Зейналпуру Олимҷон Муминов бо таронаҳои идонаи худ табъи меҳмононро болида мекунанд.
Маъмулан, ҳамасола дар шаҳри Маскав барои ҳазорон муҳоҷирони тоҷик ҷашни "Наврӯз" баргузор мегардад. Аммо соли гузашта, бинобар авҷ гирифтани маризии коронавирус, бо қарори мири Маскав, Сергей Собянин таҷлили ин ҷашн лағв гардид.
Наврӯз дар Маскав: "Наврӯзгоҳи Маскав" имсол мизбони 20 кишвар буд
Имсол, ки вазъи эпидемиологӣ дар Русия рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, интизор меравад бо риояи чораҳои бехатарӣ, Наврӯзи Аҷам ҷашн гирифта шавад.
Лентаи хабарҳо
0