https://sputnik.tj/20210421/kushtor-baroi-dashnomi-jesika-dushanbe-1038880638.html
Куштори одам барои дашноми саг - “Ҷесика” дар Душанбе
Куштори одам барои дашноми саг - “Ҷесика” дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон баъди қариб ду сол аз ҷазо гирифтани шаҳрванд Ҳикматулло Мақсудов хабар дод
2021-04-21T15:05+0500
2021-04-21T15:05+0500
2021-04-21T15:05+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
парванда
куштор
ҷавобгарӣ
саг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102741/75/1027417538_0:180:1920:1260_1920x0_80_0_0_04d80bcffa14bea8a78e0a72405da78b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Ба иттилои додситонӣ, Мақсудов барои дашном додани саги шаҳрванд Азамат Набиҷонов кушта шудааст. Додситонии шаҳри Душанбе муайян кардааст, ки Набиджанов Азамат, ки танҳо мезистааст, аввали соли 2019 аз “Зоомагазин”-и пойтахт, барои худ саг харида, номашро “Ҷесика” гузоштааст. Манбаъ афзуд, рӯзи 19 июли соли 2019 Набиҷонов, ки дар ҳолати сархушӣ қарор дошт, ҳангоми сайругашт дар кӯчаи Алишер Навоӣ сагаш “Ҷесика”-ро аз занҷирааш кушодааст. Тафтишот мегӯяд, он рӯз шаҳрванд Мақсудов Ҳикматулло низ дар он ҳудуд дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, ба сӯи саг санг партофта, дашном додааст. Додситонӣ афзуд, ки соли равон додгоҳи ноҳияи Сино Набиҷоновро дар куштор гунаҳкор дониста, маҳкум намудааст. Амммо тафсилоти ҷазои маҳкумшуда ироа нашудааст.
https://sputnik.tj/20210213/Mahvi-sag-Khujand-panohgoh-1032819107.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102741/75/1027417538_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_ac7c79004882fdc8574e19f713cae2aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саг, куштор, дашном, парванда
саг, куштор, дашном, парванда
Куштори одам барои дашноми саг - “Ҷесика” дар Душанбе
Додситонии кулли Тоҷикистон баъди қариб ду сол аз ҷазо гирифтани шаҳрванд Ҳикматулло Мақсудов хабар дод
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Ба иттилои додситонӣ, Мақсудов барои дашном додани саги шаҳрванд Азамат Набиҷонов кушта шудааст.
Додситонии шаҳри Душанбе муайян кардааст, ки Набиджанов Азамат, ки танҳо мезистааст, аввали соли 2019 аз “Зоомагазин”-и пойтахт, барои худ саг харида, номашро “Ҷесика” гузоштааст.
Манбаъ афзуд, рӯзи 19 июли соли 2019 Набиҷонов, ки дар ҳолати сархушӣ қарор дошт, ҳангоми сайругашт дар кӯчаи Алишер Навоӣ сагаш “Ҷесика”-ро аз занҷирааш кушодааст.
Тафтишот мегӯяд, он рӯз шаҳрванд Мақсудов Ҳикматулло низ дар он ҳудуд дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, ба сӯи саг санг партофта, дашном додааст.
“Набиҷонов аз ин рафтори Мақсудов ба ғазаб омада, бо мақсади куштор занҷири дар дасташ печонидаро мушт карда, якчанд маротиба ба сару рӯйи Мақсудов задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат мерасад”, - иттилоъ дод додситонӣ.
Додситонӣ афзуд, ки соли равон додгоҳи ноҳияи Сино Набиҷоновро дар куштор гунаҳкор дониста, маҳкум намудааст. Амммо тафсилоти ҷазои маҳкумшуда ироа нашудааст.