Маҳви 400 саг дар Хуҷанд: раиси нав ҳам гуфт, паноҳгоҳ месозанд, аммо намедонад кай

© дафтари матбуоти ҳукумати ХуҷандФирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини шаҳри Хуҷанд
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини шаҳри Хуҷанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2021
Обуна шудан
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини Хуҷанд гуфт, барои пок нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сагҳои дайду сохтмони паноҳгоҳ барои ин ҳайвонҳо дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Соли 2020 аз сӯи мақомот 400 саги дайду дар Хуҷанд маҳв карда шудааанд. Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори вақти Хуҷанд, дар аҳди роҳбарияш ҳанӯз ду соли қабл қирсозии сагҳоро бераҳмӣ хонда,  сохтмони паноҳгоҳ ё приютро ваъда дод.
Бродячие собаки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2020
Мақомоти Бохтар: 703 саги дайду безарар гардонида шуд
Муҳаммадзода соли гузашта изҳор дошт, ки хуруҷи пандемияи каронавирус дар соли гузашта монеаи иҷрои нақшаашон дар мавриди сохтмони паноҳгоҳ барои сагҳои бесоҳиб гардид.
Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд зимни нишасти матбуотӣ, тоза кардани кӯчаву маҳаллаҳоро  аз сагҳои дайду мушкили ҷиддӣ арзёбӣ кард.
 “Дар ҳақиқат ин проблемаи вазнин аст. Хусусан дар маҳаллаҳои 3 ва 8 худам ин вазъиятро дида истодаам”, - гуфт шаҳрдори Хуҷанд.
Шарифзода ҳамчунин афзуд, барои ташкили паноҳгоҳ барои сагҳои дайду корбарӣ мекунад, вале дақиқан нагуфт, ки ин кор кай ба иҷро расонида мешавад.
“Як паноҳгоҳ барои сагҳо месозем, вале ҳоло гуфта наметавонам, ки он кай ва дар куҷо сохта мешавад. Ҳаракат карда ин корро мекунем”, -  афзуд ӯ.
Афзоиши шумори сагҳои бесоҳиб ё дайду дар кӯчаву маҳаллаҳои Хуҷанд аз мушкилиест, ки дар борааш зиёд дар расонаҳо гуфта мешавад. Аммо бо ин вуҷуд ҳанӯз маҳаллаҳои шаҳр аз сагҳо пурра тоза нашудаанд. Табибон сагҳои дайдуро як навъ барангезандаи бемориҳои сироятӣ арзёбӣ мекунанд. Бино ба маълумоти расмӣ давоми 9 моҳи соли 2020 танҳо дар нуқтаи осебшиносии Маркази саломатии шаҳрии № 1 дар Хуҷанд, 457 ҳолати захмишавии сокинон дар пайи газидани сагҳо ба қайд гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0