https://sputnik.tj/20210421/bonki-rushdi-osiyo-tasvib-sozishnomaho-granti-tojikiston-1038898983.html
Нигаронии Бонки Рушди Осиё аз дер ба тасвиб расидани созишномаҳои грантӣ бо Тоҷикистон
Нигаронии Бонки Рушди Осиё аз дер ба тасвиб расидани созишномаҳои грантӣ бо Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Бонки Рушди Осиё аз тӯлонӣ шудани раванди тасвиби созишномаи кумакҳои молии ройгони ин ниҳод дар вазоратхонаҳо ва парлумони Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.
2021-04-21T18:35+0500
2021-04-21T18:35+0500
2021-07-21T18:51+0500
иқтисод
нигаронӣ
созишнома
тасвиб
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101345/77/1013457716_0:41:1988:1159_1920x0_80_0_0_8920166ebe226d115d60bf8f37a999ba.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Намояндаи Бонки Рушди Осиё хонум Шенни Кэмпбелл ин матлабро дар дидор бо ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иброз кардааст. Ба нақл аз сомонаи “Парстудей” дар ин дидор, ки раванди иҷроии кумакҳои молии ройгони Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт аз мавонеи идории мухталиф ва тӯлонӣ шудани тасвиби созшномаҳои ҳамкории дуҷониба дар Тоҷикистон интиқод шуд.Хонум Кэмпелл гуфт, ки бо вуҷуди густариши вируси корона дар соли 2020 ҳаҷми кумакҳои молии ройгони Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистони 960 миллион доллар буд, ки 18 тарҳро шомил мешуд. Манбаъ таъкид доштааст, ки 91 дарсади ин кумакҳо ройгон аст. Бахшҳои ҳамлу нақл ва энержӣ мутаносбан 35 ва 34 дарсад аз ин кумакҳоро истифода кардаанд.Ҳамчунин дар бахши таъмини оби манотиқи деҳоти Тоҷикистон дар соли 2020 наздик ба 10 миллион доллар ҳазина шудааст. Тарҳҳое дар бахшҳои тандурустӣ ва дармонӣ, кишоварзӣ, омӯзишӣ ва гардишгарӣ низ дар ҳоли иҷро мебошад. Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон аз соли 1998 ва дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва то ба ҳол беш аз ду миллиарду 400 миллион доллар ба ин кишвар кумаки молӣ ихтисос ёфтааст, ки як миллиарду 400 миллиони он ройгон будааст.
https://sputnik.tj/20210303/Tajikistan-Bonki-Rushdi-Osiyo-ziddiburoni-hukumat-kumak--1032931206.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101345/77/1013457716_214:0:1803:1192_1920x0_80_0_0_3438d4cab838a1ec45b5ee06f8d22032.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонк, нигаронӣ, созишнома грантӣ
тоҷикистон, бонк, нигаронӣ, созишнома грантӣ
Нигаронии Бонки Рушди Осиё аз дер ба тасвиб расидани созишномаҳои грантӣ бо Тоҷикистон
18:35 21.04.2021 (Навсозишуда: 18:51 21.07.2021) Намояндаи Бонки Рушди Осиё аз тӯлонӣ шудани раванди тасвиби созишномаи кумакҳои молии ройгони ин ниҳод дар вазоратхонаҳо ва парлумони Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Намояндаи Бонки Рушди Осиё хонум Шенни Кэмпбелл ин матлабро дар дидор бо ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иброз кардааст.
Ба нақл аз сомонаи “Парстудей” дар ин дидор, ки раванди иҷроии кумакҳои молии ройгони Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт аз мавонеи идории мухталиф ва тӯлонӣ шудани тасвиби созшномаҳои ҳамкории дуҷониба дар Тоҷикистон интиқод шуд.
Хонум Кэмпелл гуфт, ки бо вуҷуди густариши вируси корона дар соли 2020 ҳаҷми кумакҳои молии ройгони Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистони 960 миллион доллар буд, ки 18 тарҳро шомил мешуд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки 91 дарсади ин кумакҳо ройгон аст.
Бахшҳои ҳамлу нақл ва энержӣ мутаносбан 35 ва 34 дарсад аз ин кумакҳоро истифода кардаанд.
Ҳамчунин дар бахши таъмини оби манотиқи деҳоти Тоҷикистон дар соли 2020 наздик ба 10 миллион доллар ҳазина шудааст.
Тарҳҳое дар бахшҳои тандурустӣ ва дармонӣ, кишоварзӣ, омӯзишӣ ва гардишгарӣ низ дар ҳоли иҷро мебошад.
Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон аз соли 1998 ва дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва то ба ҳол беш аз ду миллиарду 400 миллион доллар ба ин кишвар кумаки молӣ ихтисос ёфтааст, ки як миллиарду 400 миллиони он ройгон будааст.