"Боғи ҳайвонот" - и Тоҷикистон хусусӣ мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбинский зоопарк
Душанбинский зоопарк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Обуна шудан
"Боғи ҳайвонот" - и Тоҷикистон метавонад моликияти хусусӣ шавад
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Мақомоти шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ метавонанд бо пешниҳоди лоиҳаҳои дахлдор ва ё дар асоси лоиҳаи таҳиягардида "Боғи ҳайвонот"-ро ҳамчун моликияти хусусӣ бунёд намоянд.
Гуфта мешавад, иқдоми мазкур аз ҷониби Мақомоти шаҳри Душанбе ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Душанбинский зоопарк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2020
Маълум шуд “Боғи ҳайвонот”-и нави пойтахт дар куҷо бунёд мешавад
Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 14 декабри соли 2020 барои сохтмони "Боғи ҳайвонот" дар бурриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар масоҳати 13 (сенздаҳ) гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.
Дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои Рустами Эмомалӣ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт лоиҳаи ангоравии боғи мазкурро аз рӯи технологияи муосир ва бо назардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисони аврупоӣ таҳия намудааст.
Бурый медведь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2019
Ҳоли зори Боғи ҳайвонот дар шаҳри Кӯлоб
Мавзеи ҷудогардида барои ташкили ҳама гуна имконияти нигоҳдорӣ, аз ҷумла ҷойгиронии ҳайвонот, парандаҳо ва хазандаҳо мувофиқ буда, инчунин фароҳам овардани шароити озоди гашту гузори ҷонварон, ки талаботи замони муосир мебошад, ба назар гирифта шудааст.
“Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе ҳанӯз соли соли 1960 бунёд гардида, то имрӯз ба таври мунтазам фаъолият мекунад. Ҳоло дар ин макони вуҳуш 135 навъи ҳайвонот бо шумораи умумии 985 сар маскун мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0