ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Боғи ҳайвоноти шаҳри Кӯлоб дар вазъияти риққатовар қарор дорад, хабар медиҳад сомонаи Tajikistantims бо истинод ба гуфтаҳои мудири боғи ҳайвоноти шаҳри Кӯлоб Ғаффор Каримов.
Манбаъ аз қавли мудири ин боғ хабар медиҳад, ки ҷойи зисти ҳайвону паррандаҳо мустаҳкам набуда ҷонварон гуруснагӣ мекашанд.
Ба гуфтаи Ғаффор Каримов, аз ҳисоби буҷаи ҳукумат ба Боғи ҳайвоноти шаҳр 23 000 сомонӣ ҷудо мешавад, ки ин маблағи ночиз аст.
Номбурда мушкили асосии ин боғи ҳайвонотро дар сари вақт нарасидани ғизои ҷонварон арзёбӣ намуд.
"Боғ ба фаъолияти худхизматрасонӣ пардохтааст ва аз ҳисоби 2 сомонӣ пуле, ки аз тамошобинон гирифта мешавад, хӯроки ҳайвонҳоро мехарем. На ҳама вақт мо ба хирс гӯшт дода метавонем. Бинобар ин аксар вақтҳо хирсро бо себу асал ва дигар меваҷот сер мекунем"- гуфтааст Каримов ба манобеи мазкур.
Ба таъкиди Каримов, ба далели тангии ҷой наметавонанд ҳайвонҳои навро, чун маймун, паланг, шер ва ғайраҳо ба боғ биёранд.
Зеро онҳо аз ҳар ҷиҳат хатарноканд ва дар шароити феълӣ нигоҳубинашон имкон надорад.
Маврид ба зикр аст, ки Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе низ аз камбудӣ орӣ намуда, мавриди интиқоди Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор гирифта буд.
Чанде қабл фаъолияти боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе аз ҷониби гурӯҳи махсус мавриди тафтиш қарор дода шуда, муайян гардид, ки дар самти таъмини шароити нигоҳдории ҳайвонот ва тозагии ҳуҷраҳо, инчунин роҳравҳои боғ камбудиҳо ҷой доранд.
Дар робита ба камбудиҳои ҷойдошта роҳбарияти боғи мазкур баҳри ислоҳ намудани ин нуқсонҳо аз ҷониби шаҳрдорӣ мӯҳлати муайян гирифта буд.