https://sputnik.tj/20210421/bashor-asad-prezident-shudanist-1038899393.html
Башор Асад боз довталаби курсии президентӣ шуд: ӯ номзадияшро пешниҳод кард
Башор Асад боз довталаби курсии президентӣ шуд: ӯ номзадияшро пешниҳод кард
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Сурия акнун маротибаи саввум барои мақоми раисҷумҳурӣ вориди майдони рақобат мешавад
2021-04-21T18:48+0500
2021-04-21T18:48+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар тоҷикистон
сурия
башор асад
интихоботи президентӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101775/97/1017759783_0:117:3584:2133_1920x0_80_0_0_feed99389d0b991554ac6cf3971373cf.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Роҳбари Сурия, Башор Асад ин навбат ҳам дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ иштирок мекунад, менависад хабаргузории САНА.Манбаъ аз қавли Ҳаммуда Саббаҳ, роҳбари Шурои халқӣ менависад, ки интихоботи президентӣ дар Сурия рӯзи 26 май доир мешавад ва Башор Асад аллакай номзадии худро пешбарӣ намудааст.Сабти номзадҳо ба мақоми президентӣ аз 19 апрел оғоз ёфт ва аллакай шаш номзад бо шумули як зан ариза пешниҳод карданд. Номзадҳое, ки дар овоздиҳии ояндаи парлумонӣ ҳадди аққал 35 раъйи вакилонро ба даст меоранд, метавонанд дар сабқати президентӣ ширкат варзанд.Башор Асад бори нахуст моҳи июни соли 2000 кишвардори Сурия шуд. Он замон ӯ падари худ Ҳафиз Асадро иваз карда буд.Зимнан, соли 2014 Асад бо касби 88,7 дарсади орои мардум барандаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ шуд.
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101775/97/1017759783_32:0:3584:2664_1920x0_80_0_0_a99e7b999747fed67483b75c0dfb404d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сурия, интихоботи президентӣ, башар асад
сурия, интихоботи президентӣ, башар асад
Башор Асад боз довталаби курсии президентӣ шуд: ӯ номзадияшро пешниҳод кард
18:48 21.04.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Башор Асад ҳамакнун маротибаи саввум барои курсии раёсатҷумҳурӣ мубориза мебарад
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Роҳбари Сурия, Башор Асад ин навбат ҳам дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ иштирок мекунад, менависад хабаргузории САНА.
Манбаъ аз қавли Ҳаммуда Саббаҳ, роҳбари Шурои халқӣ менависад, ки интихоботи президентӣ дар Сурия рӯзи 26 май доир мешавад ва Башор Асад аллакай номзадии худро пешбарӣ намудааст.
"Башор Асад шашумин номзаде шуд, ки барои иштирок дар интихоботи президентӣ ариза додааст", - афзудааст Саббаҳ.
Сабти номзадҳо ба мақоми президентӣ аз 19 апрел оғоз ёфт ва аллакай шаш номзад бо шумули як зан ариза пешниҳод карданд. Номзадҳое, ки дар овоздиҳии ояндаи парлумонӣ ҳадди аққал 35 раъйи вакилонро ба даст меоранд, метавонанд дар сабқати президентӣ ширкат варзанд.
Башор Асад бори нахуст моҳи июни соли 2000 кишвардори Сурия шуд. Он замон ӯ падари худ Ҳафиз Асадро иваз карда буд.
Зимнан, соли 2014 Асад бо касби 88,7 дарсади орои мардум барандаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ шуд.