https://sputnik.tj/20210420/sohtmoni-majmaai-markazi-dushanbe-aks-1038834184.html
Сохтмони маҷмааи нав дар маркази Душанбе - акс
Сохтмони маҷмааи нав дар маркази Душанбе - акс
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти меъмории шаҳри Душанбе тарҳи маҷмааи истиқоматиро, ки бояд дар маркази пойтахт бунёд гардад, таҳия намудаанд
2021-04-20T16:45+0500
2021-04-20T16:45+0500
2021-04-20T19:50+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
сохтмон
бино
лоиҳаи меъморӣ
шаҳрдор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038811737_0:0:1554:875_1920x0_80_0_0_1973dd55c7cb66cc5cfb8653f77b063d.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёёна дар бурриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Умари Хаём дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сохта мешавад, хабар дод мақомоти сохтмон ва меъмории Душанбе. Ба иттилои манбаъ, қарор дар бораи сохтмони маҷмааи истиқоматии мазкур аз ҷониби Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, моҳи равон имзо шуда буд. Шаҳрдорӣ мегӯяд, дар маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна бунёди муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ дар назар аст. Қаблан хабар дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи бартарафсоозии биноҳои фарсударо ба тасвиб расондааст.Интизор меравад, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ тахриб гарданд. Анҷоми марҳила ба марҳилаи ин кор то соли 2025 дар назар мебошад. Шаҳрдорӣ мегӯяд, феълан сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳо, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳо бар асоси нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038811737_209:0:1448:929_1920x0_80_0_0_1b279c0d94bfb3beec1bf0f2eccd2e2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сохтмон, хона, душанбе
Сохтмони маҷмааи нав дар маркази Душанбе - акс
16:45 20.04.2021 (Навсозишуда: 19:50 20.04.2021) Мақомоти меъмории шаҳри Душанбе тарҳи маҷмааи истиқоматиро, ки бояд дар маркази пойтахт бунёд гардад, таҳия намудаанд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёёна дар бурриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Умари Хаём дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сохта мешавад, хабар дод мақомоти сохтмон ва меъмории Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, қарор дар бораи сохтмони маҷмааи истиқоматии мазкур аз ҷониби Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, моҳи равон имзо шуда буд.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, дар маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна бунёди муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ дар назар аст.
Қаблан хабар дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи бартарафсоозии биноҳои фарсударо ба тасвиб расондааст.
Интизор меравад, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ тахриб гарданд. Анҷоми марҳила ба марҳилаи ин кор то соли 2025 дар назар мебошад.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, феълан сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳо, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳо бар асоси нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.