Сел, жола, борон ва раъду барқ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкОсенняя непогода
Осенняя непогода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Обуна шудан
Тибқи пешгӯии обуҳавошиносони тоҷик, имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон санаи 20-22 апрел дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли фаромадани сел мавҷуд аст.
Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки санаи 21-22 апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф), дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Инчунин боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб) ва Обихингоб баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Тибқи иттилои Ожонсӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Сильный ветер в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Аз борону раъду барқ то барф: пешбинии пастшавии ҳаво дар ду се рӯзи оянд дар Тоҷикистон
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат мебора. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 10+12 ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0