Аз борону раъду барқ то барф: пешбинии пастшавии ҳаво дар ду се рӯзи оянд дар Тоҷикистон

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкСильный ветер в Москве, архивное фото
Сильный ветер в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Рӯзҳои наздик дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои борониву боднок пешбинӣ мешавад. Рӯзона ҳаво паст хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ҳафтаи равон дар Тоҷикистон раъду барқ, боришоти зиёд, ҳатто барф дар назар дошта шудааст. Дар ин бора Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.
Дар Душанбе рӯзҳои наздик ҳаво тағйирёбандаи боришнок шуда, шабона борон намеборад ва рӯзона раъду барқ мешавад. Чунин вазъ то рӯзи панҷшанбе идома меёбад, боришоти зиёд ба рӯзи чаҳоршанбе, 21 апрел рост меояд.
Ҳаво шабона то 10-12 дараҷа гарм мешавад, рӯзона ҳудуди +18-21°C дараҷа мешавад.
Сар аз рӯзи ҷумъа боришот қатъ мешавад ва дамои ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад. Чунин вазъ дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ба назар мерасад, ки боронҳои шадиду жола пешгӯӣ мешавад.
Последствия схода селевого потока  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Ҳушдори КҲФ аз хатари селу тарма ва сангрезӣ то тавсия ба сокинон
Дар водиҳо шабона ҳудуди +8-13 °C, рӯзона аз +17 то +24 дараҷа гарм мешавад, дар кӯҳҳо шабона ҳарорат аз 0-5°C ва рӯзона +13 °C мешавад.
Дар вилояти Хатлон сар аз рӯзи сешанбе ҳаво тағйирёбандаи боронӣ мешавад. Шабона ва саҳаргоҳон боришот дар назар дошта нашудаасту рӯзона бошад борон меборад, раъду барқ мешавад. Чунин вазъ то рӯзи панҷшанбе идома меёбад. Дар ин давра эҳтимоли шамол то 17 метр сония дар назар аст.
Шабона тақрибан 14-16 дараҷа гарм ва рӯзона то +27 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона 5-10 дараҷа ва рӯзона 13 - 18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд, ҳаво аз +24 дараҷа то +15 дараҷа сардтар мешавад, аз 20 то 21 апрел раъду барқ ва шамол то 20 метр сония дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 0-5 °C гарм ва рӯзона +5-10 дараҷа сард мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон на танҳо раъду барқ, балки барф дар назар дошта шудааст. Агар рӯзи душанбе ҳаво +10 дараҷа шавад, пас аллакай дар рӯзи оянда он то +5°C пасттар мешавад.
Рӯзи ҷумъа боришот қатъ мешавад, аммо шабона ҳаво то -1 дараҷа сард мегардад.
Лентаи хабарҳо
0