https://sputnik.tj/20210303/zarbi-kord-somoni-telefon-Saymumin-taksiron-kusht--1032936118.html
42 зарби корд барои 60 сомониву телефон: Саймумин гуфт, чӣ гуна таксиронро кушт - видео
42 зарби корд барои 60 сомониву телефон: Саймумин гуфт, чӣ гуна таксиронро кушт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навори бозпурсии Саймумин Муҳиддинов, ки дар қатли ваҳшиёнаи таксирон бо 42 зарби корд гумонбар мешуд, нашр кард 03.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-03T20:40+0500
2021-03-03T20:40+0500
2021-04-20T19:08+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
бозпурсӣ
таксӣ
гумонбар
видео
вазорати корҳои дохила
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/10/1032279662_0:48:1001:611_1920x0_80_0_0_f948408733c3f7f76e487677123a2b51.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. ВКД-и Тоҷикистон дар як наворе ҷузъиёти пуррраи ин ҷиноятро мадҳушро шарҳ додааст.Ба гузориши ВКД номбурда санаи 15 феврал соли равон бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт бо истифодаи зуровари автомашинаи мусофиркашони таксиии Эраҷи Эмомалӣро манъ карда бо корди ба ӯ ҳамла намуда аз ӯ ронанда талаби пулӣ кардааст. Баъд аз шунидани ҷавоби рад ба узвҳои ҳаётан муҳими ронанда 42 маротиба зарба зада бо як бераҳмии махсус дар кӯчаи деҳоти ба ҳалокат расонидааст.Худи Саймумин Муҳиддинов зимни бозпурси гуфт: “гуфтамаш, ки 8 сомонӣ дорам мешавад? Гуфт намешавад. Манам беақлӣ карда, дар ёдам корд зад. Кордро гирифтам ба бари манаҳаш гузоштам. Ва ӯро таҳдид кардам, мехостам пулҳояшро бигирам. Ронанда тарсид дастамро гирифт, сипас миёнамон занозанӣ сар зад. Охир дар ёд дорам, ки аввалин корди задаам ба китфаш буд”.ВКД таъкид доштааст, ки Муҳиддинов Саймумин ба шаҳри Душанбе омада ба чанд рӯз ба айшу ишрат ва беҳудагарди машғул будааст.ВКД-и Тоҷикистон таъкид кардааст, ки баъд аз куштори ронандаи такси номбурда аз ҷайби ӯ 60 сомонӣ ва телефони мобиливу дигар ҳуҷатҳоро гирифта аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.Кормандони милитсияи дар давоми 24-соат ошкорсозии ин ҷинояти мудҳишро таъмин карданд ва муайян карданд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Муҳиддинов Саймумин Саймуддинович санаи таваллудаш 20.08.2000, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст.Ӯ аз зодгоҳа дастгир ва ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.Ҳоло нисбати гумонбаршаванда Саймумин Муҳиддинов дар Прокуратураи шаҳри Душанбе тибқи талаботи моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда мавриди тафтиш қарор дорад.
https://sputnik.tj/20210217/VKD-huvviyat-javon-kor-kush-1032844242.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/10/1032279662_51:0:904:640_1920x0_80_0_0_3614d6ddbd2c3d06a65a651fc9d5c119.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, бозпурсӣ, таксӣ, гумонбар, видео, вазорати корҳои дохила
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, бозпурсӣ, таксӣ, гумонбар, видео, вазорати корҳои дохила
42 зарби корд барои 60 сомониву телефон: Саймумин гуфт, чӣ гуна таксиронро кушт - видео
20:40 03.03.2021 (Навсозишуда: 19:08 20.04.2021) Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навори бозпурсии Саймумин Муҳиддинов, ки дар қатли ваҳшиёнаи таксирон бо 42 зарби корд гумонбар мешуд, нашр кард
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. ВКД-и Тоҷикистон дар як наворе ҷузъиёти пуррраи ин ҷиноятро мадҳушро шарҳ додааст.
Ба гузориши ВКД номбурда санаи 15 феврал соли равон бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт бо истифодаи зуровари автомашинаи мусофиркашони таксиии Эраҷи Эмомалӣро манъ карда бо корди ба ӯ ҳамла намуда аз ӯ ронанда талаби пулӣ кардааст. Баъд аз шунидани ҷавоби рад ба узвҳои ҳаётан муҳими ронанда 42 маротиба зарба зада бо як бераҳмии махсус дар кӯчаи деҳоти ба ҳалокат расонидааст.
Худи Саймумин Муҳиддинов зимни бозпурси гуфт: “гуфтамаш, ки 8 сомонӣ дорам мешавад? Гуфт намешавад. Манам беақлӣ карда, дар ёдам корд зад. Кордро гирифтам ба бари манаҳаш гузоштам. Ва ӯро таҳдид кардам, мехостам пулҳояшро бигирам. Ронанда тарсид дастамро гирифт, сипас миёнамон занозанӣ сар зад. Охир дар ёд дорам, ки аввалин корди задаам ба китфаш буд”.
ВКД таъкид доштааст, ки Муҳиддинов Саймумин ба шаҳри Душанбе омада ба чанд рӯз ба айшу ишрат ва беҳудагарди машғул будааст.
ВКД-и Тоҷикистон таъкид кардааст, ки баъд аз куштори ронандаи такси номбурда аз ҷайби ӯ 60 сомонӣ ва телефони мобиливу дигар ҳуҷатҳоро гирифта аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Кормандони милитсияи дар давоми 24-соат ошкорсозии ин ҷинояти мудҳишро таъмин карданд ва муайян карданд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Муҳиддинов Саймумин Саймуддинович санаи таваллудаш 20.08.2000, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст.
Ӯ аз зодгоҳа дастгир ва ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.
Ҳоло нисбати гумонбаршаванда Саймумин Муҳиддинов дар Прокуратураи шаҳри Душанбе тибқи талаботи моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда мавриди тафтиш қарор дорад.