https://sputnik.tj/20210420/kadom-nohiyai-dushanbe-masohat-dorad-taqsimoti-navi-sarhadii-poytaht-1038804118.html
Тақсимоти сарҳадии Душанбе: кадом ноҳияи пойтахт чӣ қадар масоҳат гирифт?
Тақсимоти сарҳадии Душанбе: кадом ноҳияи пойтахт чӣ қадар масоҳат гирифт?
Sputnik Тоҷикистон
Сарҳади ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе тағйир ёфта, аз сӯи парлумон тасвиб гардид. Феълан ноҳияи Сино калонтарин ва Исмоили Сомонӣ хурдтарин ноҳияи пойтахт мебошад
2021-04-20T12:52+0500
2021-04-20T12:52+0500
2021-04-20T13:25+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
душанбе
пойтахт
марз
сарҳад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103091/44/1030914446_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_4a5583f7b5a3e521808e91c5cf07d1f3.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар пайи тағйироти сарҳади ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе масоҳати ноҳияи Сино ба 62,24 километри мураббаъ баробар шуд. Ноҳияи мазкур калонтарин дар пойтахт ба шумор меравад. Пас аз Сино ноҳияи Фирдавсӣ қарор дорад, ки баъди тақсимоти ҷадиди ҳудудӣ, масоҳаташ ба 54,48 километри мураббаъ баробар шуд. Ноҳияи сеюми пойтахт аз рӯи масоҳат Шоҳмансур аст, ки масоҳаташ 48,86 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Хурдтарин ноҳияи пойтахт Исмоили Сомонист, ки 37,59 километри мураббаъ масоҳат дорад. Дар маҷмуъ масоҳати шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ васеъ шуда, аз 126,6 ҳазор километри мураббаъ то 203,2 километри мураббаъ афзудааст. Интизор мерафт, ки дар пайи пайвастани заминҳои нав аз ноҳияи Рӯдакӣ дар пойтахт ноҳияи ҷадид таъсис дода шавад, аммо баъдан шаҳрдорӣ тасмим гирифт, марзи маъмурии ҳамаи ноҳияҳоро зиёд кунад, ки ахиран аз ҷониби Ҳукумат ва парлумон ҷонибдорӣ ёфт.
https://sputnik.tj/20200715/Tasdiqi-qarori-raisi-Dushanbe-baroi-tagyiri-sarhadi-navohii-poytakht-1031577981.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103091/44/1030914446_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_dcf6f7fcd1ed83b9914f9e5b1e2ca46e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, сарҳад, марз, тақсимот
душанбе, сарҳад, марз, тақсимот
Тақсимоти сарҳадии Душанбе: кадом ноҳияи пойтахт чӣ қадар масоҳат гирифт?
12:52 20.04.2021 (Навсозишуда: 13:25 20.04.2021) Сарҳади ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе тағйир ёфта, аз сӯи парлумон тасвиб гардид. Феълан ноҳияи Сино калонтарин ва Исмоили Сомонӣ хурдтарин ноҳияи пойтахт мебошад
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар пайи тағйироти сарҳади ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе масоҳати ноҳияи Сино ба 62,24 километри мураббаъ баробар шуд. Ноҳияи мазкур калонтарин дар пойтахт ба шумор меравад.
Пас аз Сино ноҳияи Фирдавсӣ қарор дорад, ки баъди тақсимоти ҷадиди ҳудудӣ, масоҳаташ ба 54,48 километри мураббаъ баробар шуд.
Ноҳияи сеюми пойтахт аз рӯи масоҳат Шоҳмансур аст, ки масоҳаташ 48,86 километри мураббаъро ташкил медиҳад.
Хурдтарин ноҳияи пойтахт Исмоили Сомонист, ки 37,59 километри мураббаъ масоҳат дорад.
Дар маҷмуъ масоҳати шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ васеъ шуда, аз 126,6 ҳазор километри мураббаъ то 203,2 километри мураббаъ афзудааст.
Интизор мерафт, ки дар пайи пайвастани заминҳои нав аз ноҳияи Рӯдакӣ дар пойтахт ноҳияи ҷадид таъсис дода шавад, аммо баъдан шаҳрдорӣ тасмим гирифт, марзи маъмурии ҳамаи ноҳияҳоро зиёд кунад, ки ахиран аз ҷониби Ҳукумат ва парлумон ҷонибдорӣ ёфт.