Тасдиқи қарори раиси Душанбе барои тағйири сарҳади навоҳии пойтахт

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПанорама города Душанбе
Панорама города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе имрӯз қарор дар бораи тағйири ҳудуди маъмурии навоҳии пойтахтро ба тасвиб расонданд

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Дар ибтидои ҷаласаи вакилон, қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тағйир додани сарҳадҳои ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии ҳудуди шаҳри Душанбе” тасдиқ гардид.

Пандемияи коронавирус ба ташкили издивоҷ дар Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд? - Sputnik Тоҷикистон
COVID- 19 тӯй ва талоқро дар Тоҷикистон кам кард

Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, қарор барои тағйири сарҳади навоҳии пойтахт бо инобати заминҳои замгардида аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ қабул шуд. Ахиран аз ноҳияи Рӯдакӣ майдони 7 ҳазору 659,25 гектар замин ба қаламрави Душанбе пайваст карда шуд.

Вакилони халқ  ба масоҳати умумии 20 ҳазору 318,25 гектар муқаррар намудани ҳудуди маъмурии шаҳри Душанберо тасдиқ карданд, афзуд котиботи шаҳрдорӣ.

Қаблан аз ҳисоби заминҳои деҳоти “Чоряк­корон”, “Чортеппа”, “Сарикиштӣ”, “Чимтеппа”, “Россия”, “Гулистон” ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе 7 ҳазору 659,25 гектар замин ҳамроҳ карда шуд.

Зарурати васеъшавии шаҳри Душанбе ба афзоиши босуръати аҳолии он, талабот ба манзилҳои истиқоматӣ, сохтмони роҳҳо, биноҳо ва иншооти гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ, маишӣ ва солимгардонӣ рабт дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0