Раҳмон афсурдагии Тускро аз дидани Сарез дар суханрониаш тасдиқ кард

© Фото : МИД РТПосещение озера Сарез Генеральным секретарем ООН Антониу Гутерришем
Посещение озера Сарез Генеральным секретарем ООН Антониу Гутерришем  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар Тоҷикистон тайи чиҳил соли охир беш аз 1000 пирях нобуд шудааст

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар Тоҷикисто беш аз ҳазор пирях нобуд шудааст, гуфт Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар нишасти сарони давлатҳои аъзои Машварати  ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ  дар Осиё, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳои узви созмони МҲТБО ёдрас шуд, ки муҳити зист ва тағйирёбии иқлим аз самтҳои муҳими ҳамкории созмон маҳсуб меёбад.

Ӯ гуфт, ки офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти кишварҳои мо хисороти бузург мерасонанд ва пешниҳод кард, ки василаҳои самарабахши расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба кишварҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд, таҳия гарданд.

"Тоҷикистон низ, ки наваду се (93) фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии худ, дар рӯ ба рӯи оқибатҳои харобиовари офатҳои табиӣ, ки ҳар сол боиси зарари калони моддӣ ва талафоти ҷонӣ мегарданд, осебпазир аст. Дар кишвари мо тайи чиҳил соли охир зиёда аз ҳазор (1000) пирях нобуд шудааст, ки ин дар навбати худ, ба бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ – гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад".

Боздиди президенти Шӯрои Аврупо аз кӯли Сарез - Sputnik Тоҷикистон
Доналд Туск дар Сарез зиқ шуд: ӯ гуфт, сатҳи об боло рафта истодааст - аксҳо

Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуд, ки идомаи раванди обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳаҷми захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз шаст (60) фоизи он дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбад, таъсири манфӣ мерасонад.

Ин дар ҳолест, ки Доналд Туск, президенти Шӯрои Урупо зимни сафараш ба Тоҷикистон ва боздидаш аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шоҳиди таъсири тағйирёбии иқлим шуд.

Туск бо нашри аксҳояш аз кӯли Сарез гуфт, дар ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон шоҳиди таъсири тағйирёбии иқлим гардидааст. Ӯ дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки Сарез хеле зебост ва ишора кардааст, ки дар гузашта он боз ҳам зеботар буд.

Президенти Шӯрои Урупо бо таассуф афзудаст, ки гардишҳои табиӣ тағйир ёфта истодаанд ва аллакай 5 пирях дар ин ҷо нопадид шуда, сатҳи об боло рафта истодааст.

Доналд Туск таъкид кард, ки тағйирёбии иқлим масъалаи ҷаҳонӣ буда, алайҳи он бояд муштарак мубориза бурд.

Лентаи хабарҳо
0