https://sputnik.tj/20210417/amriko-tahrimhoi-javobii-rusiya-taassuf-tashannujangez-1038551240.html
Амрико таҳримҳои ҷавобии Русияро “мояи таассуф ва ташаннуҷангез” номид
Амрико таҳримҳои ҷавобии Русияро “мояи таассуф ва ташаннуҷангез” номид
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз ҷорӣ кардани таҳримҳои ҷавобии Русия алайҳи Иёлоти Муттаҳида Вашингтон эълон кардааст, ки ҳаққи посух додан ба ҳаргуна ниқор аз тарафи Русияро нигаҳ медорад.
2021-04-17T16:15+0500
2021-04-17T16:15+0500
2021-04-19T16:58+0500
има
равобит
таҳрим
дар русия
амрико
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/07/1031695918_0:317:3561:2320_1920x0_80_0_0_0a8a22b90934570308f6f9322f7d84c2.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Вазорати умури хориҷии Амрико аз таҳримҳои ҷавобии Русия изҳори таассуф намуда, ҳуқуқи посух додан ба онҳоро эълон кард.Паёми намояндаи Вазорати умури хориҷии Амрикоро тавассути шабакаи CNN пахш шуд.Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Амрико, посухи Маскав ба чораҳои маҳдудкунандаи Вашингтон “ташаннуҷангез” мебошад. Вазорати умури хориҷии Амрико қарори Русия барои аз қаламраваш рондани 10 дипломати амрикоиро “мояи таассуф ва ташаннуҷангез” номид. Сухангӯи вазорат гуфтааст, шиддат гирифтани авзоъ “ба нафъи мо нест, вале Иёлоти Муттаҳида ҳаққи посух додан ба ҳаргуна ниқор аз тарафи Русияро нигаҳ медорад.”Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш дар посух ба ихроҷи 10 дипломати рус аз Амрико, айни корро бо 10 дипломати амрикоӣ дар Русия мекунад. Ҳукумати Ҷо Байден Русияро ба дахолат дар интихоботи кишвар, ҳамлаҳои кибернетикӣ муттаҳам кард ва дипломатҳои русро аз Вашингтон ронд.Қарори Ҷо Байден дар бораи ихроҷи дипломатҳои рус ва эъмоли таҳрим ба чанде аз мақомоти баландпояи Русия рӯзи 15-уми апрел қабул шуд.
https://sputnik.tj/20210416/kreml-posuh-tahrim-ima-1038526511.html
има
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/07/1031695918_197:0:3510:2485_1920x0_80_0_0_67af270e0ee5d4b90a861786bc878312.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, русия, таҳрим, таасуф, ташаннуҷангез
амрико, русия, таҳрим, таасуф, ташаннуҷангез
Амрико таҳримҳои ҷавобии Русияро “мояи таассуф ва ташаннуҷангез” номид
16:15 17.04.2021 (Навсозишуда: 16:58 19.04.2021) Пас аз ҷорӣ кардани таҳримҳои ҷавобии Русия алайҳи Иёлоти Муттаҳида,Вашингтон эълон кардааст, ки ҳаққи посух додан ба ҳаргуна ниқор аз тарафи Русияро нигаҳ медорад
ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Вазорати умури хориҷии Амрико аз таҳримҳои ҷавобии Русия изҳори таассуф намуда, ҳуқуқи посух додан ба онҳоро эълон кард.
Паёми намояндаи Вазорати умури хориҷии Амрикоро тавассути шабакаи CNN пахш шуд.
Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Амрико, посухи Маскав ба чораҳои маҳдудкунандаи Вашингтон “ташаннуҷангез” мебошад.
Вазорати умури хориҷии Амрико қарори Русия барои аз қаламраваш рондани 10 дипломати амрикоиро “мояи таассуф ва ташаннуҷангез” номид.
Сухангӯи вазорат гуфтааст, шиддат гирифтани авзоъ “ба нафъи мо нест, вале Иёлоти Муттаҳида ҳаққи посух додан ба ҳаргуна ниқор аз тарафи Русияро нигаҳ медорад.”
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш дар посух ба ихроҷи 10 дипломати рус аз Амрико, айни корро бо 10 дипломати амрикоӣ дар Русия мекунад.
Ҳукумати Ҷо Байден Русияро ба дахолат дар интихоботи кишвар, ҳамлаҳои кибернетикӣ муттаҳам кард ва дипломатҳои русро аз Вашингтон ронд.
Қарори Ҷо Байден дар бораи ихроҷи дипломатҳои рус ва эъмоли таҳрим ба чанде аз мақомоти баландпояи Русия рӯзи 15-уми апрел қабул шуд.