https://sputnik.tj/20210419/dastur-hakimzoda-masulin-halli-mushkil-1038575909.html
Дастури Ҳакимзода ба масъулин барои ҳалли мушкили мардум
Дастури Ҳакимзода ба масъулин барои ҳалли мушкили мардум
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода арзу шикояти мардуми ноҳияи Панҷро шунид.
2021-04-19T12:24+0500
2021-04-19T12:24+0500
2021-04-22T16:40+0500
дар тоҷикистон
арзу шикоят
дастур
супориш
иҷтимоъ
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103057/75/1030577532_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_c65d36e5ad6acd354b02527c5d74efd3.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар толори мақомоти ноҳияи Панҷ шаҳрвандонро қабул карда, арзу шикояташонро шунид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.Гуфта мешавад, пеш аз шунидани арзи шаҳрвандон раиси вилоят ба ҳозирин оид ба аҳамияти истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти сабзавот, картошка, вусъати корҳои ободонию созандагӣ изҳори назар кардааст."Қабл аз ин ҷо омадан ба аёдати якчанд собиқадори меҳнат рафтам. Бояд ҳар як шаҳрванд ба мисли ин собиқадорон заминҳои худро пурсамар истифода барад. Ташаккур ба онҳо", - гуфтааст раиси вилоят.Бино ба гузориши манбаъ, наздики 20 сокини ноҳияи Панҷ ба қабули раиси вилоят номнавис шудаанд. Аз ҷумла шаҳрванд Раҷабов Сироҷ оид ба норасоии об барои чарогоҳҳо ва аҳолӣ, баҳси андози заминҳои чарогоҳ муроҷиат кардааст.Омӯзгор Изомов Аъзам бошад, оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, ки бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон сохта мешавад, арз кардааст.Ҳамчунин, хоҷагидор Самиев Бахтиёр оид ба барқарор намудани ҳавзи обтакшинкунӣ, инчунин дигар шаҳвандон дар масъалаи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, замин барои сохтмони варзишгоҳ, норасоии оби нӯшокӣ, баҳси қитъаи замини зери роҳ, саҳми замини хоҷагии деҳқонӣ, расонидани кумаки иҷтимоӣ ва бо дигар матлабҳо муроҷиат намудаанд.Манбаъ афзуда, ки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба баррасии саривақтӣ ва ҳалли мусбати мушкилиҳои мардум ба масъулон дастур додааст.
https://sputnik.tj/20210305/rais-khatlon-modar-khona-1032948328.html
https://sputnik.tj/20200627/Hakimzoda-khostori-iftitohi-pesh-az-muhlati-bemorkhonai-siroyatii-Dangara-shud-1031484221.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103057/75/1030577532_0:0:2723:2042_1920x0_80_0_0_e385fc0f2963f062762333323ed5e82f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурбон ҳакимзода, шикоят, арз, шунидан, супориш, масъулин
қурбон ҳакимзода, шикоят, арз, шунидан, супориш, масъулин
Дастури Ҳакимзода ба масъулин барои ҳалли мушкили мардум
12:24 19.04.2021 (Навсозишуда: 16:40 22.04.2021) Қурбон Ҳакимзода арзи мардумро гӯш кард ва ба масъулин барои ҳалли проблемаҳои онҳо дастуру супоришҳо дод
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар толори мақомоти ноҳияи Панҷ шаҳрвандонро қабул карда, арзу шикояташонро шунид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Гуфта мешавад, пеш аз шунидани арзи шаҳрвандон раиси вилоят ба ҳозирин оид ба аҳамияти истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти сабзавот, картошка, вусъати корҳои ободонию созандагӣ изҳори назар кардааст.
"Қабл аз ин ҷо омадан ба аёдати якчанд собиқадори меҳнат рафтам. Бояд ҳар як шаҳрванд ба мисли ин собиқадорон заминҳои худро пурсамар истифода барад. Ташаккур ба онҳо", - гуфтааст раиси вилоят.
Бино ба гузориши манбаъ, наздики 20 сокини ноҳияи Панҷ ба қабули раиси вилоят номнавис шудаанд.
Аз ҷумла шаҳрванд Раҷабов Сироҷ оид ба норасоии об барои чарогоҳҳо ва аҳолӣ, баҳси андози заминҳои чарогоҳ муроҷиат кардааст.
Омӯзгор Изомов Аъзам бошад, оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, ки бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон сохта мешавад, арз кардааст.
Ҳамчунин, хоҷагидор Самиев Бахтиёр оид ба барқарор намудани ҳавзи обтакшинкунӣ, инчунин дигар шаҳвандон дар масъалаи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, замин барои сохтмони варзишгоҳ, норасоии оби нӯшокӣ, баҳси қитъаи замини зери роҳ, саҳми замини хоҷагии деҳқонӣ, расонидани кумаки иҷтимоӣ ва бо дигар матлабҳо муроҷиат намудаанд.
Манбаъ афзуда, ки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба баррасии саривақтӣ ва ҳалли мусбати мушкилиҳои мардум ба масъулон дастур додааст.