Ҳакимзода хостори ифтитоҳи пеш аз муҳлати беморхонаи сироятии Данғара шуд

© котиботи ҳукумати ХатлонБинои беморхонаи навбунёди касалияҳои сироятии ноҳияи Данғара
Бинои беморхонаи навбунёди касалияҳои сироятии ноҳияи Данғара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, имрӯз, 27 июн, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи касалиҳои сироятии ноҳияи Данғара шинос шуд

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, сохтмони бинои беморхона соли 2016 оғоз гардида, масъулияти пешбурди умури сохтмониро дар иншооти мазкур ҶДММ “Хизматрасон” ба уҳда дорад.

Озода Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки Озода Раҳмон ба беморхонаи Данғара барои мубориза бо коронавирус

"Бинои мазкур барои 200 кат пешбинӣ шуда, аз 5 ошёна иборат аст. Барои вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншоот шароити мусоид фароҳам оварда шуда, масолеҳи сохтмонӣ басанда мебошад", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки тибқи нақша, сохтмони беморхонаи сироятии Данғара соли 2021 ба анҷом мерасад.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо масъулони сохтмон ба аҳамияти зиёди бунёди беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ бо дарназардошти хуруҷи бемории сирояти нави коронавирус таъкид намуда, ҷиҳати пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани он дастур дод.

Дастури Расулзода барои тезондани бунёди беморхонаи сироятӣ дар Данғара-акс

Котиботи ҳукумати Хатлон хотиррасон кардаст, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли ҷорӣ ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориши қатъӣ дода буд, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.

Лентаи хабарҳо
0