https://sputnik.tj/20210415/khf-sel-tarma-sangrezi-tavsiya-1038472081.html
Ҳушдори КҲФ аз хатари селу тарма ва сангрезӣ то тавсия ба сокинон
Ҳушдори КҲФ аз хатари селу тарма ва сангрезӣ то тавсия ба сокинон
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷаи боришоти гузашта, таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёҳо меафзояд, ки хатари омадани сел имконпазир аст.
2021-04-15T10:20+0500
2021-04-15T10:20+0500
2021-04-15T11:52+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
кҳф
сел
тарма
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/33/1028613323_0:0:2201:1239_1920x0_80_0_0_af1ae58fb9d75dbf667e943c60a8ae41.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷаи боришоти гузашта, таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёҳо меафзояд, ки дар натиҷа дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хатари омадани селро меафзояд.Ба иттилои манбаъ, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ тармафароӣ ва сангрезӣ имконпазир аст.Боришоти ба амаломада метавонад боиси болоравии шадиди сатҳи об дар болооби дарёҳои кӯҳӣ ва ҷараёнҳои хурд гардад. Дар ин робита, Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз сайругашт дар кӯҳҳо, чаронидани чорво, чидани занбӯруғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд. Кумита ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо дар назди обанборҳо ва барои моҳидорӣ нараванд.Бо мақсади пешгирии обхезӣ дар кӯчаҳо ва хонаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки тамоми ҷӯйборҳои назди хонаҳо ва селпартоҳоро тоза кунанд. КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки маълумоти КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиётро риоя кунанд.
https://sputnik.tj/20210414/khf-jasad-javonzan-kanal-dushanbe-1038455499.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/33/1028613323_0:0:2091:1568_1920x0_80_0_0_fb83fc5fe47f9c3eb69be2bd63b33536.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф, ҳушдор, сел, тарма, обхезӣ,
кҳф, ҳушдор, сел, тарма, обхезӣ,
Ҳушдори КҲФ аз хатари селу тарма ва сангрезӣ то тавсия ба сокинон
10:20 15.04.2021 (Навсозишуда: 11:52 15.04.2021) Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз хатари сел дар пайи боришоти шадид ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷаи боришоти гузашта, таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёҳо меафзояд, ки дар натиҷа дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хатари омадани селро меафзояд.
Ба иттилои манбаъ, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ тармафароӣ ва сангрезӣ имконпазир аст.
Боришоти ба амаломада метавонад боиси болоравии шадиди сатҳи об дар болооби дарёҳои кӯҳӣ ва ҷараёнҳои хурд гардад.
"Аз оби борону маҷрои дарё зери об мондани пастхамиҳо, заминҳои кишт, шусташавии қитъаҳои роҳ аз эҳтимол дур нест. Гузаштан аз ин, пулҳои баландиашон паст низ дар рӯбарӯи харобшавӣ қарор доранд”, - афзудааст КҲФ
Дар ин робита, Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз сайругашт дар кӯҳҳо, чаронидани чорво, чидани занбӯруғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд.
Кумита ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо дар назди обанборҳо ва барои моҳидорӣ нараванд.
Бо мақсади пешгирии обхезӣ дар кӯчаҳо ва хонаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки тамоми ҷӯйборҳои назди хонаҳо ва селпартоҳоро тоза кунанд.
КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки маълумоти КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиётро риоя кунанд.