Бонки миллӣ ба ширкати “ПКФ Тоҷикистон” иҷозатномаи фаъолият дод

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати “ПКФ Тоҷикистон” барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон саенаи 16 апрели соли равон ба имзо расидааст.
Манбаъ таъкид доштааст, ки қарори мазкур таҳти №64 мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ПКФ Тоҷикистон” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Врачи в госпитале для лечения больных COVID-19, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Аудиторони қазоқистонӣ дар Хуҷанд бо таби баланд ва дарди гулӯ қарантина шуданд
Ҳамзамон Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудиторӣ, ки ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)-ро доранд, оид ба ҶДММ “ПКФ Тоҷикистон” сабти дахлдор ворид намояд.
Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Бонки миллӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 11 ширкати аудиторӣ ба қайд гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0