https://sputnik.tj/20210418/uzbekiston-du-vaksin-alayhi-koronavirus-istehsol-va-ba-sjb-peshnihod-kard-1038556203.html
Ӯзбекистон ду ваксин алайҳи коронавирус истеҳсол ва ба СҶБ пешниҳод кард
Ӯзбекистон ду ваксин алайҳи коронавирус истеҳсол ва ба СҶБ пешниҳод кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло ҳар ду ваксин аз озмоиши клиникӣ мегузаранд
2021-04-18T10:40+0500
2021-04-18T10:40+0500
2021-04-18T12:31+0500
тандурустӣ
ӯзбекистон
осиё
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/14/1032313505_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_f20d1a515c3a2b96559736593698b0ce.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Ҳоло ин ду ваксин аз озмоиши клиникӣ мегузаранд. Қаблан, сарвазири Ӯзбекистон гуфта буд, ки то охири сол ин ҷумҳури соҳиби ваксини ватанӣ мешавад.Ду ваксини сохти Ӯзбекистон, ки алайҳи коронавирус таҳия шудаанд, аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба руӯхати доруҳои номзад шомил карда шудаанд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.Котиботи Вазорати иноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегӯяд, гап сари ваксинаҳои рекомбинантӣ дар асоси S-сафедаи коронавирус меравад, ки онро Маркази Технологияҳои пешрафта таҳия кардааст ва ва ҳамчунин ваксини ДНК дар асоси хӯша-сафедаҳои се бахши COVID – 19, ки онро Маркази геномика ва биоинформатикаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон ташкил кардааст. Қаблан сарвазир Абдулло Орипов гуфта буд, ки Ӯзбекистон метавонад ваксини худро бар зидди коронавирус то охири соли равон таҳия кунад.Вай инчунин гуфт, ки ваксинаи сохти Русия “Спутник V”, то авохири моҳи апрел ба Ӯзбекистон ворид мешавад. Ба изҳори ӯ, ин дору аслан ба стратегияи эмгузаронӣ дохил карда шудааст.Ёдовар мешавем, ки охири моҳи март, вазири тандурустии ин кишвар Абдуҳаким Хоҷибоев хабар дод, ки Ӯзбекистон ба таҳияи ваксинҳои худ алайҳи коронавирус оғоз кардааст.Ба гуфтаи ӯ, озмоиши самаранокии ваксин нахуст дар ҳайвонҳо аз моҳи апрел шурӯъ мешавад. Вазири ӯзбек тафсилоти пурратарро ифшо накард.
https://sputnik.tj/20210417/uzbekiston-koronavirus-mahdudiyatho-jori-karda-shud-1038549832.html
ӯзбекистон
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/14/1032313505_119:0:2850:2048_1920x0_80_0_0_5a132133d36c33c15da62acacf8a5a07.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, ваксин, таҳия, сҷб, коронавирус
ӯзбекистон, ваксин, таҳия, сҷб, коронавирус
Ӯзбекистон ду ваксин алайҳи коронавирус истеҳсол ва ба СҶБ пешниҳод кард
10:40 18.04.2021 (Навсозишуда: 12:31 18.04.2021) Ӯзбекистон ду ваксин алайҳи коронавирус истеҳсол ва ба СҶБ пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Ҳоло ин ду ваксин аз озмоиши клиникӣ мегузаранд. Қаблан, сарвазири Ӯзбекистон гуфта буд, ки то охири сол ин ҷумҳури соҳиби ваксини ватанӣ мешавад.
Ду ваксини сохти Ӯзбекистон, ки алайҳи коронавирус таҳия шудаанд, аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба руӯхати доруҳои номзад шомил карда шудаанд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Котиботи Вазорати иноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегӯяд, гап сари ваксинаҳои рекомбинантӣ дар асоси S-сафедаи коронавирус меравад, ки онро Маркази Технологияҳои пешрафта таҳия кардааст ва ва ҳамчунин ваксини ДНК дар асоси хӯша-сафедаҳои се бахши COVID – 19, ки онро Маркази геномика ва биоинформатикаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон ташкил кардааст.
Қаблан сарвазир Абдулло Орипов гуфта буд, ки Ӯзбекистон метавонад ваксини худро бар зидди коронавирус то охири соли равон таҳия кунад.
Вай инчунин гуфт, ки ваксинаи сохти Русия “Спутник V”, то авохири моҳи апрел ба Ӯзбекистон ворид мешавад. Ба изҳори ӯ, ин дору аслан ба стратегияи эмгузаронӣ дохил карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи март, вазири тандурустии ин кишвар Абдуҳаким Хоҷибоев хабар дод, ки Ӯзбекистон ба таҳияи ваксинҳои худ алайҳи коронавирус оғоз кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, озмоиши самаранокии ваксин нахуст дар ҳайвонҳо аз моҳи апрел шурӯъ мешавад. Вазири ӯзбек тафсилоти пурратарро ифшо накард.