https://sputnik.tj/20210417/uzbekiston-koronavirus-mahdudiyatho-jori-karda-shud-1038549832.html
Дар Ӯзбекистон ба иллати паҳншавии коронавирус боз маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуд
Дар Ӯзбекистон ба иллати паҳншавии коронавирус боз маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мактабҳо ва кӯдакистонҳо барои ду ҳафта баста мешаванд. Инчунин ҷойҳои нишаст дар нақлиёт ва чойхонаҳо маҳдуд хоҳад шуд
2021-04-17T15:10+0500
2021-04-17T15:10+0500
2021-08-10T17:01+0500
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
маҳдудият
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103123/64/1031236473_0:119:1280:839_1920x0_80_0_0_c4445c633a031ddfd1938f935e089c18.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон аз 18 апрел боз чораҳои қарантинаиро роҷеъ ба паҳншави коронавирус дар кишвар пурзӯр хоҳад кард, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.Аз ҷумла дар сурати ошкор намудани сироятёбӣ ба коронавирус, мактабҳо ва боғчаҳо ба қарантина фаро гирифта мешаванд ва барои ду ҳафта баста мешаванд ва шумораи ҷойҳо дар нақлиёт ва чойхонаву тарабхонаҳо низ маҳдуд хоҳад шуд.Чунин чораҳо дар Ӯзбекистон пас аз ошкор шудани навъи нави коронавируси африқоӣ дар кишвар андешида шуд.Сарвазир ёдовар шуд, ки дар аввали сол дар Ӯзбекистон шакли нави коронавируси "бритонӣ", бештар миёни кӯдакон паҳн ёфт, ки пас аз он як қатор мактабҳо ва кӯдакистонҳо дубора баста шуданд. Ба гуфтаи ӯ, сироятёбӣ ба вирус дар мактабҳо 6-7 дарсад ва дар муассисаҳои олӣ 11-15 дарсад мушоҳида мешавад.Сарвазир аз назорати сусти риояи талаботҳои қарантинаӣ дар кишвар, изҳори норозигӣ кард.Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳодисаи COVID-19 дар Ӯзбекистон 15 марти соли 2020 ошкор шуда буд.Тибқи маълумоти охир, ба санаи 16 апрел шумораи умумии ҳолатҳои ба қайд гирифташудаи коронавирус ба 86022 расидааст. Дар маҷмӯъ 635 нафар аз сироятёфтагон фавтидаанд, 83 649 шифо ёфтанд.Дар моҳи апрел дар Ӯзбекистон эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронавирус оғоз ёфт. Эмгирифтан комилан ройгон аст.
https://sputnik.tj/20210417/sarosari-jahon--koronavirus-jon-bohtand-1038543198.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103123/64/1031236473_2:0:1279:958_1920x0_80_0_0_7000815b49bac88ebb43d4dad71ca427.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, каранти, коронавирус, мактабҳо
ӯзбекистон, каранти, коронавирус, мактабҳо
Дар Ӯзбекистон ба иллати паҳншавии коронавирус боз маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуд
15:10 17.04.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Мактабҳо ва кӯдакистонҳо барои ду ҳафта баста мешаванд. Инчунин ҷойҳои нишаст дар нақлиёт ва чойхонаҳо маҳдуд мешаванд
ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон аз 18 апрел боз чораҳои қарантинаиро роҷеъ ба паҳншави коронавирус дар кишвар пурзӯр хоҳад кард, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.
Аз ҷумла дар сурати ошкор намудани сироятёбӣ ба коронавирус, мактабҳо ва боғчаҳо ба қарантина фаро гирифта мешаванд ва барои ду ҳафта баста мешаванд ва шумораи ҷойҳо дар нақлиёт ва чойхонаву тарабхонаҳо низ маҳдуд хоҳад шуд.
Чунин чораҳо дар Ӯзбекистон пас аз ошкор шудани навъи нави коронавируси африқоӣ дар кишвар андешида шуд.
"Ба кишвари мо навъи нави коронавируси африқоӣ ворид гаштааст ва Маркази технологияҳои муосир дар якҷоягӣ бо Хадамоти санитарию эпидемиологӣ онро омӯхтаанд. Ҳоло таҳлили амиқ идома дорад", - гуфт Арипов дар ҷаласаи комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус.
Сарвазир ёдовар шуд, ки дар аввали сол дар Ӯзбекистон шакли нави коронавируси "бритонӣ", бештар миёни кӯдакон паҳн ёфт, ки пас аз он як қатор мактабҳо ва кӯдакистонҳо дубора баста шуданд. Ба гуфтаи ӯ, сироятёбӣ ба вирус дар мактабҳо 6-7 дарсад ва дар муассисаҳои олӣ 11-15 дарсад мушоҳида мешавад.
"Мо ҳанӯз марзҳоямонро бастанӣ нестем. Сабаб дар он аст, ки мо то ҳол хатареро намебинем. Аммо сироятёбӣ, аз ҷумла дар мақомоти давлатӣ афзоиш ёфт "
Абдулло Арипов
Нахуствазири Ӯзбекистон
Сарвазир аз назорати сусти риояи талаботҳои қарантинаӣ дар кишвар, изҳори норозигӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳодисаи COVID-19 дар Ӯзбекистон 15 марти соли 2020 ошкор шуда буд.
Тибқи маълумоти охир, ба санаи 16 апрел шумораи умумии ҳолатҳои ба қайд гирифташудаи коронавирус ба 86022 расидааст. Дар маҷмӯъ 635 нафар аз сироятёфтагон фавтидаанд, 83 649 шифо ёфтанд.
Дар моҳи апрел дар Ӯзбекистон эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронавирус оғоз ёфт. Эмгирифтан комилан ройгон аст.