Дар саросари ҷаҳон аз коронавирус наздик ба 3,4 миллион нафар ҷон бохтанд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкГоспиталь для больных COVID-19
Госпиталь для больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Обуна шудан
Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 139 миллиону 721 ҳазору 479 нафар расидааст. Аз ин беморӣ 3 миллиону 357 нафар ҷон бохтанд
ДУШАНБЕ, 17 апрел - Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, шумори шифоёфтагон 118 миллиону 809 ҳазору 606 нафар эълон шудааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ИМА зарфи шабонарӯзи гузашта 75 375 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Сафири Эрон дар Москав хабар дод, ки то охири тирамоҳ 6 миллион воя воксани русии Спутник аз Маскав ба Теҳрон хоҳад расид.
Медсестра в инфекционной клинической больнице №2 Департамента здравоохранения города Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сабти 8704 ҳолати нави сирояти коронавирус дар Русия
Сербистон аввалин кишвари аврупоие шуд, ки ба истеҳсоли воксани русии "Спутник V" дар қаламрави худ оғоз кард.
Роспотребнадзор пешниҳод кард, ки шаҳрвандони аз Туркия ва Танзания баргаштаро ду маротиба барои коронавирус санҷанд.
Русия хабар дод, ки дар қаламраваш бо 8 944 ҳодисаи сироят ба COVID-19-ро ошкор кардааст. Ҳодисаҳои нави сироят дар ҳамаи 83 минтақа ба қайд гирифта шуданд.
Люди напротив ресторана во время ужесточения направленных на борьбу с коронавирусом мер в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Коронавирус дар як рӯз ҷони 304 танро гирифт: Эрон
Дар Қазоқистон дар 24 соати сипаришуда 2641 ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус сабт гардид. Дар Олмаато 657, дар Нур-Султон 650, вилояти Олмаато 220 ва дар вилояти Қарғанда 202 нафар сироят шуданд.
Дар Ӯзбекистон шабонарӯзи гузашта 227 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шуд, ки 129 нафар дар шаҳри Тошканд, 42 нафар дар вилояти Тошканд, 25 нафар дар вилояти Самарқанд ва 8 тан дар вилояти Бухоро мебошад.
Лентаи хабарҳо
0