https://sputnik.tj/20210416/pugachyova-surud-manizha-arzyobi-1038509118.html
Пугачёва дар бораи Манижа: "Ту зӯр ҳастӣ! Аз ҳеҷ чиз натарс!"
Пугачёва дар бораи Манижа: "Ту зӯр ҳастӣ! Аз ҳеҷ чиз натарс!"
Sputnik Тоҷикистон
Примадоннаи саҳнаи Русия, Алла Пугачёва, дар доираи барномаи "Музикалити" суруди Манижа, “Russian Woman” -ро арзёбӣ кард.
2021-04-16T11:00+0500
2021-04-16T11:00+0500
2021-04-16T15:25+0500
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
алла пугачёва
суруд
манижа сангин
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103106/46/1031064674_0:0:3099:1743_1920x0_80_0_0_00832beb071c3e4291344029494b2a12.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Примаддонаи саҳнаи Русия, Алла Пугачёва, дар доираи барномаи "Музикалити" суруди Манижа, “Russian Woman” -ро арзёбӣ кард.Дар ин намоиши шабакаи Youtube, Пугачёва бо овозхон Зиверт ширкат кард. Ҳардуи онҳо Манижаро чун сарояндаи қавӣ бо овози хуб арзёбӣ карданд, аммо дар бораи суруд фикрашон яксон нест.Зиверт гуфт, ки Манижаро дӯст медорад, аммо ин суруд ба ӯ тамоман писанд наомад. "Ин суруд маҳз барои Евровидение аст", - гуфт Алла Пугачёва дар ҷавоб. Ровии намоиш Максим Галкин ба Манижа дар Евровидение муваффақият орзу кард. "Ту зӯр ҳастӣ! Аз ҳеҷ чиз натарс! Ба, мисли тонк, ба мисли зани ҳақиқии рус", - хулоса кард Пугачева. Худи Алла Пугачёва соли 1997 бо суруди "Примадонна" дар озмуни Евровидение ширкат карда буд. Дар аввал бояд Валерий Меладзе ба Дублин мерафт, аммо ногаҳон бемор шуд ва сарояндаро иваз карданд. Дар натиҷа, Пугачёва дар байни 25 нафар иштирокчиён дар ҷои 15-ум қарор гирифт.Манижа дар Евровидение - 2021Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмун аз 18 то 22 май дар Ahoy баргузор мешавад.Русияро дар Евровидение 2021 Манижа, зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.Вай ба ин сабқати бонуфуз бо суруди Russian Woman, ки ҳангоми овоздиҳии саросарӣ 8 март интихоб шудааст, хоҳад рафт.Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам аксарияти мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд. Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 8 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
https://sputnik.tj/20210408/zanoni-rus-alayhi-manizha-barhostand-1035161957.html
https://sputnik.tj/20210328/tagoi-Manizha-dar-borai-jiyan-oila-tanqidho-1033089255.html
https://sputnik.tj/20210415/surud-manizha-eurovision-bozdid-1038483526.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103106/46/1031064674_109:0:2840:2048_1920x0_80_0_0_87c0e2114c52c79232a35ecc57bb67f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
алла пугачёва, манижа сангин, суруд, арзёбӣ
алла пугачёва, манижа сангин, суруд, арзёбӣ
Пугачёва дар бораи Манижа: "Ту зӯр ҳастӣ! Аз ҳеҷ чиз натарс!"
11:00 16.04.2021 (Навсозишуда: 15:25 16.04.2021) Алла Пугачёва суруди "Зани Рус", - ро, ки Манижа бо он Русияро дар Евровидение намояндагӣ мекунад, гӯш кард ва арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Примаддонаи саҳнаи Русия, Алла Пугачёва, дар доираи барномаи "Музикалити" суруди Манижа, “Russian Woman” -ро арзёбӣ кард.
Дар ин намоиши шабакаи Youtube, Пугачёва бо овозхон Зиверт ширкат кард. Ҳардуи онҳо Манижаро чун сарояндаи қавӣ бо овози хуб арзёбӣ карданд, аммо дар бораи суруд фикрашон яксон нест.
Зиверт гуфт, ки Манижаро дӯст медорад, аммо ин суруд ба ӯ тамоман писанд наомад.
"Ин суруд маҳз барои Евровидение аст", - гуфт Алла Пугачёва дар ҷавоб.
Ровии намоиш Максим Галкин ба Манижа дар Евровидение муваффақият орзу кард.
"Ту зӯр ҳастӣ! Аз ҳеҷ чиз натарс! Ба, мисли тонк, ба мисли зани ҳақиқии рус", - хулоса кард Пугачева.
Худи Алла Пугачёва соли 1997 бо суруди "Примадонна" дар озмуни Евровидение ширкат карда буд. Дар аввал бояд Валерий Меладзе ба Дублин мерафт, аммо ногаҳон бемор шуд ва сарояндаро иваз карданд. Дар натиҷа, Пугачёва дар байни 25 нафар иштирокчиён дар ҷои 15-ум қарор гирифт.
Манижа дар Евровидение - 2021
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмун аз 18 то 22 май дар Ahoy баргузор мешавад.Русияро дар Евровидение 2021 Манижа, зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Вай ба ин сабқати бонуфуз бо суруди Russian Woman, ки ҳангоми овоздиҳии саросарӣ 8 март интихоб шудааст, хоҳад рафт.
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам аксарияти мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 8 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.