https://sputnik.tj/20210408/zanoni-rus-alayhi-manizha-barhostand-1035161957.html
Занони рус алайҳи Манижа бархостанд
Занони рус алайҳи Манижа бархостанд
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 8 апрел - Sputnik. "Иттиҳоди занони православӣ" -и Русия ба Кумитаи тафтишотии кишвар дархост фиристодаанд, то суруди Манижа Сангин "Зани рус" - ро
2021-04-08T20:31+0500
2021-04-08T20:31+0500
2021-04-12T19:25+0500
манижа сангин
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
зан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033057529_0:317:3078:2048_1920x0_80_0_0_c23739f4576aaf89e41dffdbb8d00bae.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апрел - Sputnik. "Иттиҳоди занони православӣ" -и Русия ба Кумитаи тафтишотии кишвар дархост фиристодаанд, то суруди Манижа Сангин "Зани рус" - ро барои нақзи қонун баррасӣ кунанд. Наталя Дмитриевская, раиси бахши минтақавии Иттиҳоди занони православӣ дар Маскав ба Teleprogramma.pro гуфт, чаро суруди Манижа диққати онҳоро ҷалб кард. Намояндаи созмони Русия гуфтааст, ки суруди Russian Woman, ки барои Евровидение - 2021 пешниҳод шудааст, ибораҳои таҳқиромезро дар бар мегирад. Вай афзуд, ки нишон додани ин, бавижа дар Аврупо, "чандон хуб нест". Манижа дар суруди худ сатри "Синну солатон аллакай аз 30 гузашт, салом, канӣ кӯдакон?" -ро месарояд. "Ин мушкилоти на танҳо занони Русия, балки занони тамоми ҷаҳон аст. Ин боиси таассуф аст ва наметавонад мавриди ситоиши як зани нерӯманд бошад. Вақте, ки зан аз 30-сола боло аст, аммо шавҳар накардааст ва фарзанд надорад, ин аламовар аст. Ин чӣ хубӣ дорад? " - гуфт, Дмитриевская. Намояндаи Иттиҳоди занони православӣ либоси сарояндаи зодаи Тоҷикистонро низ ба баҳс кашида, онро аҷиб хонд. Гарчанде ки пироҳани Манижа дар Евровидение - 2021, ба фарқ аз суруд, дигар хорҳад буд.
https://sputnik.tj/20210328/tagoi-Manizha-dar-borai-jiyan-oila-tanqidho-1033089255.html
https://sputnik.tj/20210408/prigozhin-manizha-morganshtarn-1035088198.html
https://sputnik.tj/20210406/kumita-sanish-surud-manija-1034262111.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033057529_287:0:3018:2048_1920x0_80_0_0_33ed4880cf73bde0a519ddaa36527e68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
манижа сангин, зан
Занони рус алайҳи Манижа бархостанд
20:31 08.04.2021 (Навсозишуда: 19:25 12.04.2021) Намояндагони як созмони ҷамъиятии занон ба Кумитаи тафтишот аз суруди Манижа шикояти дигаре фиристоданд
ДУШАНБЕ, 8 апрел - Sputnik. "Иттиҳоди занони православӣ" -и Русия ба Кумитаи тафтишотии кишвар дархост фиристодаанд, то суруди Манижа Сангин "Зани рус" - ро барои нақзи қонун баррасӣ кунанд.
Наталя Дмитриевская, раиси бахши минтақавии Иттиҳоди занони православӣ дар Маскав ба
Teleprogramma.pro гуфт, чаро суруди Манижа диққати онҳоро ҷалб кард.
Намояндаи созмони Русия гуфтааст, ки суруди Russian Woman, ки барои Евровидение - 2021 пешниҳод шудааст, ибораҳои таҳқиромезро дар бар мегирад.
Вай афзуд, ки нишон додани ин, бавижа дар Аврупо, "чандон хуб нест".
Манижа дар суруди худ сатри "Синну солатон аллакай аз 30 гузашт, салом, канӣ кӯдакон?" -ро месарояд.
"Ин мушкилоти на танҳо занони Русия, балки занони тамоми ҷаҳон аст. Ин боиси таассуф аст ва наметавонад мавриди ситоиши як зани нерӯманд бошад. Вақте, ки зан аз 30-сола боло аст, аммо шавҳар накардааст ва фарзанд надорад, ин аламовар аст. Ин чӣ хубӣ дорад? " - гуфт, Дмитриевская.
Намояндаи Иттиҳоди занони православӣ либоси сарояндаи зодаи Тоҷикистонро низ ба баҳс кашида, онро аҷиб хонд.
Гарчанде ки пироҳани Манижа дар Евровидение - 2021, ба фарқ аз суруд, дигар хорҳад буд.