https://sputnik.tj/20210416/paydo-shudan-jasadi-khohari-hurdsol-daryo-1038532886.html
Аз хона баромадаву нопадид шуданд: ҷасади ду хоҳари хурдсолро аз соҳили дарё ёфтанд
Аз хона баромадаву нопадид шуданд: ҷасади ду хоҳари хурдсолро аз соҳили дарё ёфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ин фоҷеа моро водор мекунад ба такрор ба сокинони кишвар ҳушдор диҳем: кӯдаконро беназорат нагузоред
2021-04-16T16:16+0500
2021-04-16T16:16+0500
2021-07-07T18:24+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
кҳф
садамаи нақлиётӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/01/1032000474_0:0:1347:759_1920x0_80_0_0_343ec9038ec668d69d8f1b6e75d642ca.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ аз соҳили дарёи Кофарниҳон ҷасади ду кӯдаки хурдсол пайдо шуд, гузориш медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ба волидон ҳушдор медиҳад, ки фарзандони ноболиғашонро беназорат нагузоранд.Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 14 апрели соли 2021 соати 15:00 дақиқа, ду фарзанди як хонавода, ки ҳарду духтар будаву яке 5-сол ва дуюмӣ 4-сол доштанд, аз хона баромаданд ва дигар касе онҳоро надид, куҷо рафтанду чӣ кор карданд. Ин ҳодиса дар деҳаи Шаббодаи ҷамоати деҳоти Эсамбойи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод, меафзояд КҲФ.Рӯзе пас, яъне 15 – уми апрели соли 2021, соати 14:30 дақиқа хешовандон ва сокинони деҳа тақрибан 20 километр поёнтар аз манзили зист, аз соҳили дарёи Кофарниҳон дар қаламрави деҳаи Гулибодоми ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади яке аз ин хоҳаронро пайдо карданд. Субҳи имрӯз, 16 апрел тақрибан соати 8 дар мавзеъи Насими Кӯҳсор, ки тақрибан 5 км дуртар аз хонаашон мебошад, ҷасади дуюмиро пайдо карданд. Маврид ба ёдоварист, ки танҳо аз аввали соли равон дар кишвар 16 нафар дар об ғарқ шудаву ба ҳалокат расиданд, ки 4 нафари онҳо кӯдакони ноболиғ буданд. Соли 2020 дар Тоҷикистон 107 нафар ғарқи об шуданд, ки 33 нафари онҳо ноболиғон буданд. Дар маҷмуъ 30,8 дарсади ғарқшудагони соли 2020 аз 4 то 17 сол умр доштанд. Ва ҷойи нигаронист, ки аксари ноболиғон аз бепарвоии волидон ва беназорат гузоштани онҳо ғарқи об шудаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро беназорату танҳо нагузоранд ва сабабгори фоҷеаҳои мудҳиш дар хонадони худ нашаванд.
https://sputnik.tj/20210414/daryoft-jasad-dar-kschschoi-levakand-1038449597.html
https://sputnik.tj/20210414/khf-jasad-javonzan-kanal-dushanbe-1038455499.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/01/1032000474_0:0:1203:902_1920x0_80_0_0_538609c9565cd37f798c2d127d460537.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷасад кӯдак дарё
Аз хона баромадаву нопадид шуданд: ҷасади ду хоҳари хурдсолро аз соҳили дарё ёфтанд
16:16 16.04.2021 (Навсозишуда: 18:24 07.07.2021) Кӯдакон аз хона баромадаву нопадид шуданд ва чанде пас ҷасади онҳо аз соҳили дарёи Кофарниҳон ёфт шуд. КҲФ мегӯяд, далели аслии ҳодиса беназорат мондани тифлакон аст
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ аз соҳили дарёи Кофарниҳон ҷасади ду кӯдаки хурдсол пайдо шуд, гузориш медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ба волидон ҳушдор медиҳад, ки фарзандони ноболиғашонро беназорат нагузоранд.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 14 апрели соли 2021 соати 15:00 дақиқа, ду фарзанди як хонавода, ки ҳарду духтар будаву яке 5-сол ва дуюмӣ 4-сол доштанд, аз хона баромаданд ва дигар касе онҳоро надид, куҷо рафтанду чӣ кор карданд.
Ин ҳодиса дар деҳаи Шаббодаи ҷамоати деҳоти Эсамбойи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод, меафзояд КҲФ.
Рӯзе пас, яъне 15 – уми апрели соли 2021, соати 14:30 дақиқа хешовандон ва сокинони деҳа тақрибан 20 километр поёнтар аз манзили зист, аз соҳили дарёи Кофарниҳон дар қаламрави деҳаи Гулибодоми ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади яке аз ин хоҳаронро пайдо карданд.
Субҳи имрӯз, 16 апрел тақрибан соати 8 дар мавзеъи Насими Кӯҳсор, ки тақрибан 5 км дуртар аз хонаашон мебошад, ҷасади дуюмиро пайдо карданд.
"Сабаби ҳодисаи ёдшуда дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳоло маълум нест, вале яқинан яке аз сабабҳои аслӣ беназорат мондани онҳост", - омадааст дар гузориши КҲФ.
Маврид ба ёдоварист, ки танҳо аз аввали соли равон дар кишвар 16 нафар дар об ғарқ шудаву ба ҳалокат расиданд, ки 4 нафари онҳо кӯдакони ноболиғ буданд. Соли 2020 дар Тоҷикистон 107 нафар ғарқи об шуданд, ки 33 нафари онҳо ноболиғон буданд.
Дар маҷмуъ 30,8 дарсади ғарқшудагони соли 2020 аз 4 то 17 сол умр доштанд. Ва ҷойи нигаронист, ки аксари ноболиғон аз бепарвоии волидон ва беназорат гузоштани онҳо ғарқи об шудаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро беназорату танҳо нагузоранд ва сабабгори фоҷеаҳои мудҳиш дар хонадони худ нашаванд.