https://sputnik.tj/20210416/jalbi-donishjuyon-vmkb-ba-muassisahoi-olii-rusiya-1038507832.html
Ҷалби донишҷӯёни ВМКБ ба муассисаҳои олии Русия баррасӣ шуд
Ҷалби донишҷӯёни ВМКБ ба муассисаҳои олии Русия баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо намояндагони Маркази илмӣ - фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ҳамкориҳо дар самти ҷалби донишҷӯёни вилоят ба мактабҳои олии Русияро баррасӣ намуданд
2021-04-16T10:15+0500
2021-04-16T10:15+0500
2021-04-22T16:42+0500
маориф
ҳамкорӣ
донишҷӯён
дар русия
дар тоҷикистон
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102469/93/1024699341_0:276:3150:2048_1920x0_80_0_0_1962ea4574af325fa88e5cd552da480f.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Назира Амирбекзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зимни мулоқот бо намояндагони Маркази илмӣ - фарҳангии Русия дар Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар баробари омӯзиши ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Русия, ҳамчунин, барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар заминаи боз ҳам қавитарро фароҳам оварда шудааст, иитилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”. Тибқи иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар самти ҷалби донишҷӯёни вилоят ба мактабҳои олии Русия ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ-фарҳангии марказ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбутаи ҳокимияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Гуфта шудааст, ки мулоқоти масъулони Маркази илмӣ-фарҳангии Русия дар Тоҷикистон бо муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода дар доираи сафари кориашон ба ВМКБ ҷиҳати хостагирӣ ва баргузории имтиҳоноти қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвари ба мо дӯст доир гардид. Маъракаи имтиҳоноти мазкур дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ сурат гирифт. Дар ҷараёни сафар масъулони Маркази илмӣ-фарҳангии Русия, инчунин, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и деҳоти ба номи Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон дидан намуданд. Зикр шудааст, ки меҳмононро устодону шогирдони муассисаи таълимӣ гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Омӯзгорони муассисаи таълимӣ оид ба таърих, дастовардҳо ва хатмкардагони намоёнашон, аз ҷумла Ғарибшоҳ Шаҳбозов, собиқ раиси вилоят, Қозидавлат Қоимдодов, собиқ муовини Сарвазири мамлакат ва амсоли инҳо, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон ва берун аз он нақши бориз доштаанд, маълумот доданд. Намояндагони маркази мазкур бо шароити таҳсили хонандагон шинос шуда, ба онҳо миқдори муайяни маводи таълимӣ тақдим намуданд.Ёдрас мешавем, ки бурсияҳои давлатии Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Русия аз соли 2011 ҳамасола роҳандозӣ мегарданд.
https://sputnik.tj/20201229/Sattorov-guft-ki-donishn-az-Toikiston-kay-ba-Rusiya-bargashta-metavonand-1032552597.html
https://sputnik.tj/20191203/Kor-baroi-donishn-dar-Maskav-chiguna-dar-barobari-dars-metavon-am-kor-kard--1030330100.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102469/93/1024699341_239:0:2970:2048_1920x0_80_0_0_87766fca1a21bc5ac860c5d9b4a3d392.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вмкб, донишҷӯён, русия, таҳсил
тоҷикистон, вмкб, донишҷӯён, русия, таҳсил
Ҷалби донишҷӯёни ВМКБ ба муассисаҳои олии Русия баррасӣ шуд
10:15 16.04.2021 (Навсозишуда: 16:42 22.04.2021) Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо намояндагони Маркази илмӣ - фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ҳамкориҳо дар самти ҷалби донишҷӯёни вилоят ба мактабҳои олии Русияро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Назира Амирбекзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зимни мулоқот бо намояндагони Маркази илмӣ - фарҳангии Русия дар Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар баробари омӯзиши ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Русия, ҳамчунин, барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар заминаи боз ҳам қавитарро фароҳам оварда шудааст, иитилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар самти ҷалби донишҷӯёни вилоят ба мактабҳои олии Русия ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ-фарҳангии марказ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбутаи ҳокимияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта шудааст, ки мулоқоти масъулони Маркази илмӣ-фарҳангии Русия дар Тоҷикистон бо муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода дар доираи сафари кориашон ба ВМКБ ҷиҳати хостагирӣ ва баргузории имтиҳоноти қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвари ба мо дӯст доир гардид. Маъракаи имтиҳоноти мазкур дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ сурат гирифт.
Дар ҷараёни сафар масъулони Маркази илмӣ-фарҳангии Русия, инчунин, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и деҳоти ба номи Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон дидан намуданд.
Зикр шудааст, ки меҳмононро устодону шогирдони муассисаи таълимӣ гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.
Омӯзгорони муассисаи таълимӣ оид ба таърих, дастовардҳо ва хатмкардагони намоёнашон, аз ҷумла Ғарибшоҳ Шаҳбозов, собиқ раиси вилоят, Қозидавлат Қоимдодов, собиқ муовини Сарвазири мамлакат ва амсоли инҳо, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон ва берун аз он нақши бориз доштаанд, маълумот доданд.
Намояндагони маркази мазкур бо шароити таҳсили хонандагон шинос шуда, ба онҳо миқдори муайяни маводи таълимӣ тақдим намуданд.
Ёдрас мешавем, ки бурсияҳои давлатии Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Русия аз соли 2011 ҳамасола роҳандозӣ мегарданд.