Сатторов гуфт, ки донишҷӯён аз Тоҷикистон кай ба Русия баргашта метавонанд

© пресс-служба Совета Федерации РФЧрезвычайный и Полномочный посол Имомуддин Сатторов на переговорах России и Таджикистана
Чрезвычайный и Полномочный посол Имомуддин Сатторов на переговорах России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тавре сафир таъкид дошт, Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо вазоратҳои марбутаи кишвар дар ин масъала дар иртибот аст.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Сафири Фавқуллода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов вазъи бамиёномада бо донишҷӯёни тоҷикистониро, ки наметавонанд вуруди Русия шаванд, шарҳ дод.

Донишҷӯёни хориҷии донишгоҳҳои Русия, ки наметавонанд вуруди кишвар шаванд, метавонанд дипломашонро ғоибона ҳимоя кунанд.

Хостел, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия ба донишҷӯёни хориҷӣ кӯмак карданист

Пештар дар ин бора вазири илм ва таҳсилоти олӣ Валерий Фалков изҳор дошта буд.

Феълан, ҳудуди ҳазор дониҷӯи курси як ва ҳудуди чор ҳазор донишҷӯёни дигар наметавонанд вуруди Русия шаванд, ҳамаи онҳо дистансионӣ таҳсил мекунанд, гуфт Сатторов ба Sputnik Тоҷикистон.

"Бо пайдо шудани якум имкон, донишҷӯён ба Русия меоянд ва таҳсилро идома медиҳанд. Ҳоло ки марзҳо бастаанд, вазъи эпидемиологӣ ба ин имкон намедиҳад", - тавзеҳ дод сафир.

Ба гуфтаи вай, дар масъалаи таҳсили дистансионӣ мушкилие нест ва таҳсил идома дорад.

Се роҳ: вазири маорифи Русия гуфт, донишҷӯёни бандмондаи хориҷӣ чӣ кор кунанд

"Он донишҷӯёне, ки вобаста ба вазъият натавонистанд кореро анҷом диҳанд, эҳтимоли ғолиб хориҷ нашаванд, роҳбарият вазъро ба назар гирифта, ба донишҷӯён имкони таҳсилро медиҳад", - қайд кард вай.

Тавре сафир таъкид дошт, Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо вазоратҳои марбутаи Русия дар ин масъала дар иртибот аст.

Лентаи хабарҳо
0