https://sputnik.tj/20210415/tojikistoni-imomhatib-masjid-habarovsk-1038481807.html
Донандаи 10 забон: тоҷикистонӣ имомхатиби масҷиде дар Хабаровск шуд
Донандаи 10 забон: тоҷикистонӣ имомхатиби масҷиде дар Хабаровск шуд
Sputnik Тоҷикистон
Зодаи Тоҷикистон Абдулҳай-ҳазрат Имонқулов имом-хатиби масҷиди Хабаровск шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти муфтиёти Шарқи Дур.
2021-04-15T14:09+0500
2021-04-15T14:09+0500
2021-04-19T13:08+0500
ҳамаи хабарҳо
тоҷикистонӣ
имом хатиб
россия
дин ва оин
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103129/39/1031293939_0:281:3073:2009_1920x0_80_0_0_82ed76a1cdb7f0d67b58d18fd012d9a7.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Зодаи Тоҷикистон Ҳазрати Абдулҳай Имонқулов имом-хатиби масҷиди Хабаровск шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти муфтиёти Шарқи Дур. То таъин шудан Имонқулов ҳафт сол дар Уссурийск ҳамчуни имом хидмат мекард. Фармон дар бораи таъин шудан ба ин вазифаи масъул дар рӯзи аввали моҳи Рамазон бо пешниҳоди муфтии Шарқи Дур Рамазон Алиев ба имзо расид. Гуфта мешавад, зодаи 39-солаи Тоҷикистон шаҳрванди Федератсияи Русия буда, номи пурраи ӯ Имонқулов Ҷуманазар Худойназарович аст. Ӯ оиладор буда, соҳиби шаш фарзанд мебошад. Гуфта мешавад, имомхатиби зодаи Тоҷикистон маълумоти ҳаматарафа - дунявӣ ва динӣ дорад.Рамазон-2021: тақвими рӯзаҲазрати Абдулҳай пас аз шаш соли таҳсил дар Тоҷикистон, Донишкадаи исломии шаҳри Октябри Ҷумҳурии Бошқирдистон ва мадрасаи Буинскии Тотористонро хатм кардааст. Номбурда ҳамзамон Донишгоҳи федералии Шарқи Дурро дар риштаи забонҳои чинӣ ва англисӣ хатм кардааст. Имомхатиби нав донандаи даҳ забон: русӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, тоторӣ, қирғизӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, чинӣ ва англисӣ мебошад.Аз соли 2007 то 2014 Ҳазрати Абдулҳай ба ҳайси имом дар Уссурийски қаламрави Приморск хидмат менамуд. Маҳдудиятҳои баъди ковидӣ дар моҳи шарифи Рамазон - 2021 дар ТоҷикистонБаъд аз он, ду сол дар Маскав кор карда, аз соли 2016 то 2020 ӯ дар вилояти Томск ба ҳайси имом хидмат кардааст.Соли 2021 вай ёвари муфтии Шарқи Дур ва имом-хатиби масҷиди Хабаровск таъин шуд.
https://sputnik.tj/20210413/saharhuri-ruzahuri-muhojirat-oqibat-posuhi-suolho-tojikistoniyon-1038326062.html
https://sputnik.tj/20210412/mufti-namozi-taroveh-iftor-ruzai-muhojirin-1035314829.html
россия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103129/39/1031293939_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_104eabef892289a22eaf6060bffeb7aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имом-хатиби, тоҷикистонӣ, шарқи дур, хабаровск,
имом-хатиби, тоҷикистонӣ, шарқи дур, хабаровск,
Донандаи 10 забон: тоҷикистонӣ имомхатиби масҷиде дар Хабаровск шуд
14:09 15.04.2021 (Навсозишуда: 13:08 19.04.2021) Дар Хабаровск зодаи Тоҷикистон Ҳазрати Абдулҳай имом-хатиби масҷиде шудааст
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Зодаи Тоҷикистон Ҳазрати Абдулҳай Имонқулов имом-хатиби масҷиди Хабаровск шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти муфтиёти Шарқи Дур.
То таъин шудан Имонқулов ҳафт сол дар Уссурийск ҳамчуни имом хидмат мекард.
Фармон дар бораи таъин шудан ба ин вазифаи масъул дар рӯзи аввали моҳи Рамазон бо пешниҳоди муфтии Шарқи Дур Рамазон Алиев ба имзо расид.
Гуфта мешавад, зодаи 39-солаи Тоҷикистон шаҳрванди Федератсияи Русия буда, номи пурраи ӯ Имонқулов Ҷуманазар Худойназарович аст.
Ӯ оиладор буда, соҳиби шаш фарзанд мебошад. Гуфта мешавад, имомхатиби зодаи Тоҷикистон маълумоти ҳаматарафа - дунявӣ ва динӣ дорад.
Ҳазрати Абдулҳай пас аз шаш соли таҳсил дар Тоҷикистон, Донишкадаи исломии шаҳри Октябри Ҷумҳурии Бошқирдистон ва мадрасаи Буинскии Тотористонро хатм кардааст.
Номбурда ҳамзамон Донишгоҳи федералии Шарқи Дурро дар риштаи забонҳои чинӣ ва англисӣ хатм кардааст.
Имомхатиби нав донандаи даҳ забон: русӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, тоторӣ, қирғизӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, чинӣ ва англисӣ мебошад.
Аз соли 2007 то 2014 Ҳазрати Абдулҳай ба ҳайси имом дар Уссурийски қаламрави Приморск хидмат менамуд.
Баъд аз он, ду сол дар Маскав кор карда, аз соли 2016 то 2020 ӯ дар вилояти Томск ба ҳайси имом хидмат кардааст.
Соли 2021 вай ёвари муфтии Шарқи Дур ва имом-хатиби масҷиди Хабаровск таъин шуд.