Раҳнамо аз нуфузи Ҳикматуллоҳ назди Президент, эътибори рӯҳониёну маҳдудиятҳои динӣ гуфт
17:46 15.04.2021 (Навсозишуда: 23:18 15.04.2021)
© из личного архива Абдуллохи рахнамоАбдуллохи Рахнамо, таджикский политолог
© из личного архива Абдуллохи рахнамо
Обуна шудан
Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшиноси тоҷик бар он аст, ки дин дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, ҳатто агар динӣ бошанд, танзим мешавад ва фатво агар аз хориҷ ояд, хатар ба суботи миллӣ дорад
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос, ходими илмиву ҷамъиятии Тоҷикистон дар бораи нақши домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз пурнуфузтарин рӯҳониҳои Тоҷикистон дар амнияти эътиқод дар кишвар, беъэтибории ходимони динии расмӣ гуфт ва баъзе шикваҳоро аз озодии динӣ дар Тоҷикистон тавзеҳ дод.
Дирӯз, 13 апрел хабари даргузашти яке аз рӯҳониёни номии тоҷик домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа аз марги рӯҳонӣ изҳори таассуф мекарданд ва домулло Ҳикматуллоҳро яке аз таъсиргузортарин шахсиятҳо дар ахлоқи ҷомеа мегуфтанд.
Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, ки дар синни 80-солагӣ даргузашт, яке аз пурнуфуз ва серпайравтарин рӯҳониҳои тоҷик ба ҳисоб мерафт.
Ӯ то охири умр узви Шӯрои уламо, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, будааст. Аъзои Шӯро мегӯянд, ҳангоми тасмимгирӣ назари ин рӯҳонӣ муҳим ва то ҷое ҳалкунанда шумурда мешуд.
Домулло Ҳикматулло аз рӯҳониёне буд, ки дар водии Рашт мезист ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз нерӯҳои исломӣ, ки дар ин минтақа нуфузи зиёд доштанд, ҳимоят накард. Баъдтар ӯ аз ҳукумати кунунӣ дар Тоҷикистон пуштибонӣ кард.
Афзун бар ин, ин шахсият дар назди Ҳукумати Тоҷикистон низ мақоми хос дошт. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба водии Рашт аз ин ходими дин зиёрат мекард.
Дар пайи ин вокунишҳо Sputnik Тоҷикистон бо ҷаноби Раҳнамо мусоҳиба кард.
Муллои ваҳдатсозе, ки дар назди Ҳукумат ҳам эътибор дошт
- Ба фикри шумо домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар рушди эътиқоду маънавиёти мардуми кишвар чӣ нақше дошт?
- Ӯ яке аз охирин ва бузургтарин намояндагони муосири мактаби таърихии фиқҳу тасаввуф ва тақво дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт. Мактаби ҳанафии мовароуннаҳрӣ, ки миёни ақидаву фиқҳу шариату тариқат омезиши мавзўне ба вуҷуд оварда буд.
- Хусусиятҳои ақидаҳои ин мактаб кадомҳо буданд?
- Хусусиятҳои асосии он ақидаи солим, эътидол дар андеша ва мавқеъ, устуворӣ дар фиқҳи суннатӣ, ваҳдатгароии ҷамъиятӣ, ахлоқу тақвои амалӣ ва дилгармсозии мардум ба зиндагӣ буд, ки дар шахсияту фаъолияти Домулло Ҳикматулло низ ба хубӣ дида мешуд.
Яъне ин мактаби эътидол, дар шакли солими худ, на фақеҳи хушку хашини бе шуҳуд месохт ва на суфии пашминапўшӣ беқайду бешариат. Бинобар ин, ҳамчун яке аз меҳварҳои асосии ин мактаби таҷрибию эмонӣ эшон нақши муҳимми ҳам илмию маънавӣ ва ҳам амалию ҷамъиятӣ дошт. Дар паравариши маънавии мардум, дар ҳифзи ақидаи саҳеҳ ва мазҳаб, дар нашри ахлоқу тақво.
- Чаро ҷонибдоронашро дар тамоми қишрҳои ҷомеа дошт?
- Эшон як нақши муҳимму ваҳдатсозу суботофаре низ дошт, ки баҳси дигар аст. Ин буд, ки эшон эҳтироми ҳамагониро доштанд, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ўро эҳтиром мекарданд, аз ҷумла Роҳбари давлати мо низ борҳо бо ў бевосита мулоқот намуда буданд ва аз ҳолаш бохабар буданд.
© Facebook / Panjshanbe NazarshoevДомулло Хикматулло Тоджикободи и Эмомали Рахмон
Домулло Хикматулло Тоджикободи и Эмомали Рахмон
-Пайравону шогирдони Тоҷикободӣ оё ҷои ӯро гирифта метавонанд ва кори ӯро давом дода метавонанд?
-Албатта, ин мактаб дар даҳсолаҳои охир осебпазиртар гаштааст, аммо он дар шакле давом хоҳад ёфт. Эшон низ шогирдону муридони зиёд дошт, аз ҷумла баъзе аз фарзандонаш ҳам ин мактабро гузаштанд.
Шояд боз дар ҷойи дигар, дар минтақаи дигар, дар атрофи шахсияти дигаре меҳварияти динию ахлоқии ин мактаб шакл гирад. Аммо барои ба сатҳи шахсияту нуфўзи Домулло Ҳикматуллоҳ расидани шогирдону муридон ҳоло замону заҳмати зиёд лозим аст.
- Одатан, вақте муллое аз Ҳукумат дастгирӣ мекунад, мунаққидонаш зиёду пайравонаш кам мешаванд. Аммо дар мавриди шахсияти Домулло Ҳикматуллоҳ мо инро гуфта наметавонем. Чаро?
- Ба назари банда, ин навъи гузориши масъала пурра саҳеҳ нест, ки агар домуллое аз ҳукумат тарафдорӣ кунад, ҳатман эътибораш ва ҳайравонаш кам мешавад. Балки масъала дар худи шахсияти рўҳонӣ низ аст. Гар шахсият бо илму тақвою мардумият миёни ҷомеа эътироф шуда бошад, ў худаш манбаи машруият ва обурў мегардад.
Назари ў дар танҳоӣ нисбат ба назари як ниҳоди расмии динӣ эътибори бештар дошт
- Пас далели беэътибории бархе ходимони динии расмӣ дар чист?
- Баъзе аз ходимони динии расмӣ агар обурў надошта бошанд, аз сабаби ин нест, ки онҳо ҷонибдори давлатанд. Балки аз он сабаб аст, ки онҳо ҳамчун олим ва рўҳонӣ ва пешвои маънавӣ ҳанўз ҷойгоҳи заруриро ба даст наоварда бошанд.
Сабаби эътибори бузурги Домулло Ҳикматулло низ дар ҳамин сатҳу миқёси шахсияташ буд. То ҷое, ки назари ў дар танҳоӣ нисбат ба назари як ниҳоди расмии динӣ эътибори бештар дошт.
- Ба фикри шумо чаро Тоҷикободӣ аз давлату Ҳукумат ҷонибдорӣ мекард?
Ҳимояи ў аз давлат ва суботи кишвар низ як нишонаи камолу эътидолу хиради ў буд. Умуман, агар давлати худӣ бошад ва агар ҳукумати қонунӣ бошад, чаро рўҳонӣ бояд онро ҷонибдорӣ накунад? Рўҳонӣ низ масъулияти шаҳрвандӣ дорад, масъулияти хеле баланд, зеро бо мардум кор мекунад.
- Шумо гуфтед, ки баъди даргузашти домулло “амнияти эътиқоди мардум як дараҷа осебпазир гашт”, метавонед шарҳи бештаре диҳед, ки чаро?
–Ин ибораи банда, ки бо рафтани эшон "амнияти эътиқодии мардум як дараҷа осебпазир шуд" ба ин маъност, ки имрўз ҷомеаи мо, аз ҷумла муҳити динии мо бо таҳдидҳои ҷиддӣ рўбарў мебошад.
Аз ҷумла, мазҳабу равияҳои барои муҳити мусулмонони мо ғайрианъанавӣ, фаҳмишҳои гуногуни тунди динӣ, тафсиру фатвоҳои ҳадафманди беруна, равияҳии сиёсии диншиор ва ҷиддитар аз ҳама, ифротгароии динӣ на танҳо ба муҳити динӣ, балки ба тамоми ҷомеаи мо таҳдидҳои ҷиддӣ меофаранд.
© Facebook / Салимҷони АнсорӣДомулло Хикматулло Тоджикободи
Домулло Хикматулло Тоджикободи
Ин баҳс фаротар аз масъалаи гуногунандешӣ ва озодии ақида буда, бологирии он метавонад суботу амнияти ҷомеаро бевосита ба хатар рўбарў кунад.
- Чаро амнияти эътиқоди мардум зери таҳдид метавонанд монанд?
- Дар ҳоле, ки давлатҳои гуногун барои дар муҳити кишвари мо паҳн гаштани мазҳабу равияву фатвоҳои гуногуни худ барномаҳо ва буҷаҳои бузург доранд ва метавонанд ҷомеаи амни моро ба майдони набардҳои мазҳабию идеологӣ табдил кунанд.
Пас дар замоне, ки дин ва мазҳаб аз берун чун силоҳи геополитикӣ ва абзори таъсири сиёсӣ истифода мешавад, байни амнияти эътиқодии мардум ва амнияти умумии ҷомеа ва давлат вобастагии бевосита ба вуҷуд меояд.
- Инҷо нақши домулло Ҳикматуллоҳ дар чӣ буд?
- Дар чунин муҳити фитнаву ҳуҷумҳои васеи ақидатию мазҳабӣ шахсиятҳои бонуфузи муътадил чун домулло Ҳикматуллоҳ бо вуҷуду ҳузур мавқеи худ як ҷабҳаи муқовимат буданд.
Нақши шахсии эшон хусусан дар пешгирии паҳншавии мазҳубу равияҳои бегона ва пешгирии фикри фарогир шудани дидгоҳи ифротию сиёсатзадаи динӣ дар минатқаи Рашт ба таври умум хеле муҳим буд.
Чунин рўҳониёни асили суннатии дорои решаи миллӣ мардумро дар мазҳаби аҷдодӣ ва суннати анъанавӣ нигоҳ дошта, бо фатвои худӣ таъмин мекунанд ва дастнигари фатвои берунӣ намегузоранд. Ва дар шароити муосир истиқлоли фатво як унсури истиқлоли миллист.
- Дар ҳоле ки дин як аст чаро фатво аз хориҷ хатар дорад?
- Агар фатво аз берун ояд, агар муҳити динӣ аз берун идора шавад, субот ва истиқлол басе осебпазиртар мешавад. Бинобар ин, рафтани чунин шахсҳо амнияти эътиқодии мардумро осебпазиртар мекунад.
Дар ҷаҳон ҳеҷ давлате вуҷуд надорад, ки муҳити диниро танзим накунад
- Феълан, ки сокинон гоҳе аз озодии динӣ дар кишвар шиква мекунанд, ҳузури чунин шахсиятҳо мисли Тоҷикободӣ паҳлӯи баръаксашро мегӯяд?
- Бояд гуфт, ки дар бораи ҷойгоҳи дин ва ҳудуди озодиҳои динӣ дар ҷомеа баҳсҳое вуҷуд доранд, ки он табиист.
Зеро дар ин бора назари ҳамагон наметавонад яксон бошад. Дар ҷаҳон ҳеҷ давлате вуҷуд надорад, ки муҳити диниро танзим накунад, ҳатто давлатҳои динӣ.
Аммо як чиз рўшан аст, ки агар сухан аз маҳдудсозии фаъолиятҳои ифротии динӣ ва андешаҳои бегонаи динӣ ё идеологӣ равад, он ҳаргиз ба маънои маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои динӣ нест.
Будану ҷойгоҳи васеъ доштани Домулло Ҳикматулло худ намунаи ин буд, ки барои исломи суннатии ҳанафӣ ахлоқмеҳвару тақвопарвару суботофар ҳамеша ҷойгоҳ вуҷуд дорад.
Аммо шарт нест, ки он ислом ё он шахсияти динӣ ҳатман мақоми расмии сиёсӣ дошта бошад, ҳамин мавҷи вокуниши мардум ба даргузашти ў нишонаи ҷойгоҳи васеъи ҷамъиятию мардумии ў ва ҷойгоҳи навъи фикрии ў дар ҷомеа аст.
- Ба фикри Шумо заминаҳое дар кишвар ҳаст, ки ба зуҳури чунин шахсиятҳо мусоидат мекунад?
-Барои зуҳури шахсиятҳое чун домулло Ҳикматуллоҳ, пеш аз ҳама мактаб ва анъана ҳамзамон нақши асосӣ мебозад. Зеро дар раванди ташаккули шахсияти динӣ бояд тарбияти илмӣ, имонӣ, адабӣ, маҳоратӣ, зебоишиносӣ ва тақвои амалӣ фаро гирифта шаванд. Таркиби шахсияти муллои марҳум тақрибан чунин шакл гирифтааст.
- Таълими тариқати Нақшбандия ва ё ҷараёни тасаввуф ва ақидаҳои дигари монанд, чӣ зарурате дорад, ки бар он домулло машғул буд.
-Тасаввуфи солим шакли таҷрибии диндориву имондорист. Ҷавҳари онро ишқ ва ахлоқ ташкил медиҳад ва он рўи инсон ҳам таъсири маънавӣ ва ҳам таъсири ҷамъиятӣ дорад.
Масалан, агар ними амнияти ҷомеа натиҷаи сиёсати давлату заҳмати мақомоти муҳтарами қудратии мо бошад, ними дигари он натиҷаи ахлоқу тақвои худи мардуми мост, ки муносибатҳоро танзим мекунад.
Ахлоқ инсонро барои инсон амн мекунад, ҷомеаро амн мекунад. Яъне агар диндории сиёсатзада тўфонсоз бошад, диндории ахлоқмеҳвар суботофар аст.
Нақшбандия инсонро аз ҷомеа ҷудо намекунад.
Аз ин миён, хусусан тариқати нақшбандия як мактаби амалгарост. Он инсонро аз фаъолияти меҳнатӣ, офариниш аз ҷомеа ҷудо намекунад. Балки аслҳои машҳури "дил ба ёру даст ба кор", "дил ба Ҳаққу рў ба халқ", "сафар дар ватану хилват дар анҷуман" ва ғайра, ки ин мактаб кор кардааст, ҳаргиз монеи рушд намешаванд.
Он маънавияту ахлоқи инсонро боло мебарад, аммо аз кору дунё дур шуданро талаб надорад. Балки ба кору фаъолияти ҷамъиятӣ ташвиқ мекунанд. Аз ин рў, нақшандияи солим ҳамчун тафаккур ва ахлоқ куҳна нашудааст.
Албатта, мисли ҳамаи ҷараёнҳо, тасаввуф ва нақшбандия низ шаклҳои ҳошиявӣ, инҳирофшуда, консервативӣ ва рўҳбонишудаи худро дорад, ки он мавзўи дигар аст. Он дигар ақида, амалия ва тасавувуфи солим нест. Аммо банда ин ҷо дар бораи тасаввуфи солим мегўям.
Нақши мактабҳои динии Тоҷикистон дар тарбияи ҷомеа
Оё мактабҳои диние, ки дорем ҷои тадрис дар назди шахсиятҳои рӯҳонии барҷаста чун Ҳикматуллоҳ Тоҷикободиро гирифта метавонанд ва умуман онҳо дар рушди ақидаи динии сокинон нақше доранд?
-Мактабҳои расмии динӣ одатан ду унсури муҳимро медиҳанд: дониши динӣ ва огоҳии ҷамъиятӣ.
Ин ду унсур барои як ходими динӣ ё як имоми маъмулӣ басе муҳим аст. Зеро имоми бе огоҳию ҷаҳонбинии дурусти ҷамъиятӣ созанда нест. Имом бояд ақаллан манфиатҳои умумии миллиро дарк кунад, аҳаммияти суботу ваҳдатро шиносад, мавқеи ватандўстона дошта бошад.
Аммо барои рўҳонӣ ё пешвои маънавии мардум шудани фард, барои эътирофу нуфўзи васеи мардумӣ пайдо кардани ў, илова бар дониш боз силсилаи хислатҳои дигари амалӣ низ зарур аст.
Донишгоҳ, аз ҷумла донишгоҳҳои муосири исломӣ асосан илми диниро медиҳанд, ҳамчун маҷмуи маълумот. Аммо барои шахсияти рўҳонӣ фақат маълумотнокии динӣ кофӣ нест.
Шояд мо касоне дошта бошем, ки илмашон (яъне миқдори маълумоташон) дар бораи ислом аз Домулло Ҳикматулло ҳам бештар бошад, ояту ҳадисро низ арабитару дурусттар аз ў талаффуз кунанд. Аммо чаро Домулло Ҳикматуллоҳ намешаванд?
Зеро сатҳу ҳолату мафҳуми рўҳоният дар натиҷаи солҳои заҳмату талошу тақвою тазкия шакл мегирад. Бинобар ин, барои ташаккулу бозтавлиди чунин шахсиятҳои динии анъанавӣ бояд мактаби анъанавии исломи ҳанафии мовароуннаҳрӣ аз байн наравад. Ҳам дар шакли низоми таълимӣ ва ҳам дар шакли анъанаи интиқолёбандаи амалӣ.
Бинобар ин, ҳифзи пайванди мактабҳои муосири динии мо ба суннатҳои динии ҷомеа, бо мазҳабу суннати аҷдодӣ ва бо тақвою амалияи динӣ як шарти муҳими ояндаи босуботи муҳити динӣ ва ҷамъиятист.