Муллоҳои замонавӣ: азми раисиҷумҳур барои навоварӣ дар таълимоти Донишкадаи исломӣ

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки ихтисосҳои мавҷуда дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, бозбинӣ ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ карда шаванд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар ин бора Тоҷиддин Асомиддинзода, ректори Донишкадаи мазкур имрӯз, 27-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе, ки бо иштироки се хабарнигор баргузор гардид, хабар додааст.

Тибқи иттилоияи расмӣ Тоҷиддин Асомиддинзода  изҳор доштааст, ки ҳамасола барномаю нақшаҳои таълимӣ бознигарӣ шуда, бо тағйиру иловаҳо такмил дода мешаванд.

Намози Иди қурбон дар Масҷиди марказӣ: аз дуо то даъват ба ҳамдигарбахшӣ - Sputnik Тоҷикистон
Амри раисиҷумҳур дар бораи вазифаҳои нави исломшиносҳо

 "Онҳо ба меъёрҳои замонавӣ ва байналмилалии таълим мутобиқ гардонда мешаванд", — изҳор доштааст ректори Донишкадаи исломӣ.

Асомиддинзода бо зикри таҷрибаи ғании омӯзгорони ин донишкада таъкид намудааст, ки устодон дар ин муассиса фарҳанги дурусти диндориро ба шогирдон бо далелҳои саҳеҳ таълим медиҳанд.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон соли 2007 таъсис ёфта, ягона муассисаи таълимӣ дар самти улуми дини Ислом дар кишвар мебошад.

Масъулин мақсад аз таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистонро таъмини имкониятҳои таълими улуми исломӣ дар дохили кишвар, боло бурдани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон, мутобиқ гардондани раванди таълиму тарбияи динӣ бо меъёрҳои муосири илмию иттилоотӣ арзёбӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки  Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон бо имзои як амр ба оинномаи муассисаи давлатии Маркази исломшиносии назди Президент низ тағйиру иловаҳо ворид намуда, пеши масъулини ин ниҳод вазифаҳои ҷадид гузошт.

Мутахассисони Маркази исломшиносӣ муваззаф гардидаанд, ки барои рушди ҳаёти динии ҷомеа консепсияҳои давлатӣ ва барномаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таҳия кунанд, нақши маросиму анъанаҳои миллию динӣ дар танзими ҳаёти ҷомеаро омӯзанд, пайванду ҳамбастагии мероси исломиро бо фарҳанги миллӣ пажуҳишу мушаххас намоянд. 

Лентаи хабарҳо
0