Меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Антон Подгайко / Гузариш ба медиабонкТуман в горах, архивное фото
Туман в горах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Обуна шудан
Ҳавои Тоҷикистон рӯзи 15 апрел тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Отдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Гармии рекордӣ дар Маскав: то 21,5 дараҷа расид
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Фаромадани тумани тунук пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад, менависад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ағбаҳо меғ мефарояд.
Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Ҳаво шабона 8+10 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0