Гармии рекордӣ дар Маскав: то 21,5 дараҷа расид

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкОтдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве
Отдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Обуна шудан
Гармии ҳаво дар Маскав то соати 15:00 -и 14 апрел ба 21,5 дараҷа расид, ки чунин ҳарорат даҳсолаҳои охир ҷой надоштаст
ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Ҳарорати ҳаво дар Маскав рекорди 59 соли қаблро, зад. Гармӣ дар пойтахти Русия баъди зуҳри 14 апрел то 21,5 гарм шуд, ки барои ин рӯз бесобиқа тайи даҳсолаҳои охир мебошад, изҳор дошт Евгений Тишковетс, корманди маркази ҳавошиносии “Фобос”.
Соли 1962 дар пойтахти Русия рӯзи 14 апрел 20,8 дараҷа гармӣ ба қайд гирифта шуда буд, хабар додааст РИА Новости.
Цветение деревьев в национальном саду в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
То 25 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи обуҳаво барои 14 апрел
Тишковетс таъкид кард, ки дар пойтахт таъсири “ҳавои саҳроӣ” ба мушоҳида мерасад, ки рутубат коҳиш ёфта, чанголудӣ зиёд шудааст.
Ба гуфтаи масъули маркази ҳавошиносӣ, гармӣ дар шаҳри Маскав тамоми ҳафта боқӣ хоҳад монд. Рӯзҳои истироҳат ҳарорати ҳаво ҳудуди 15 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Қаблан Роман Вилфанд, роҳбари илмии Маркази обу ҳаво изҳор дошт, ки тобистон дар тамоми қаламрави Русия роҳатрасон хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0