Соҳибкори чинӣ аз марде ба ВКД шикоят бурд: 20 ҳазор долларамро надод

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание МВД Республики Таджикистан
Здание МВД Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии кишвар аз тафтишоти як ҳолати қаллобие хабар медиҳад, ки дар пайи муроҷиати шаҳрванди Чин сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, шаҳрванди Чин, марди 51-сола бо ариза ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуд.
Марди чинӣ гуфтааст, аввалҳои моҳи сентябри соли 2019, ҳангоми дар ҶДММ бозори “Султони Кабир” қарор доштанаш, марди 40-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш ба маблағи 22 ҳазору 116 доллари амрикоӣ таҷҳизоти техникии яхдон гирифтааст.
Қаллобии рӯзи равшан: мошини сокинонро харида пулро надодааст
Гуфта мешавад, аз ин маблағ 2 ҳазору 50-доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда 20 ҳазор доллари дигарро то ҳол барнагардонидааст.
Вазорат мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0