Қаллобии рӯзи равшан: мошини сокинонро харида пулро надодааст

Обуна шудан
 Нисбати як сокини ҷамоати Чоркӯҳ барои содир намудани қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст. Нафари гумонбар аз сокинон мошин хариддорӣ намуда, аммо пули онҳоро барнагардонидааст
ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Бино ба иттилоъи Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти РВКД дар вилояти Суғд, Д. Б. сокини 38 - солаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара буда, бо роҳи фиреб ба боварии сокинони ин ҷамоат даромада, пули мошинҳои харидаашро ба соҳибонаш барнагардонидааст.
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
33 ҳазор доллар барои раҳоӣ аз толори суд ва зиндон: боздошти зану мард бо гумони қаллобӣ
Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда Д. Б. нахуст дар моҳи ноябри соли 2019 ба боварии сокини ҳамин ҷамоат, марди 45 - сола даромада, як адад автомашинаи “Nexia” ро ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ савдо карда гирифта, танҳо 3 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 9 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Ин танҳо ягона ҳолат набуда, балки гумонбаршуда як сокини 55 - солаи Чоркӯҳро фиреб кардааст.
“Гумонбаршуда автомашинаи “Ваз-2106”- ро бо нархи 6 ҳазор сомонӣ савдо карда, 2 ҳазор сомониашро дода боқимондаашро давоми ду сол боз ба соҳибаш сокини ҷамоати Чоркӯҳ аз моҳи ноябри соли 2019 то ба ин дам нарасонидааст”,- гуфт котиби матбуоти РВКД.
Зимнан нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247 қисми 2 (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Боздошти ду нафар бо гумони қаллобӣ: давоми панҷ моҳ ду нафарро фиреб доданд
Мақомот мегуянд, солҳои охир ҳарчанд ҷиноятҳои қаллобӣ мизони поинравӣ, аммо шеваҳои содиршавии ин намуд ҷиноят ба мисли қаллобии сокини Чоркӯҳ аз пеш дида гуногун будааст.
Бар пояи иттилои РВКД соли 2020 дар вилояти Суғд, беш аз 890 ҷиноятӣ қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам назар ба як соли пеш 9 маврид кам рақам зада мешавад.
Лентаи хабарҳо
0