https://sputnik.tj/20210413/peshgui-maqom-manizha-evrovidenie-2021-1038353356.html
Пешгӯии мақоми Манижа дар Евровидение - 2021
Пешгӯии мақоми Манижа дар Евровидение - 2021
Sputnik Тоҷикистон
Букмекерҳои байналмилалӣ пешгӯиҳои нохушоянд дар бораи баромади Манижа дар озмуни Евровидение - 2021 - ро идома медиҳанд.
2021-04-13T19:10+0500
2021-04-13T19:10+0500
2021-04-13T19:10+0500
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
пешгӯӣ
суруд
манижа сангин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103042/24/1030422440_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_a2682ac701be514ca2ff97d3d1697a56.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Букмекерҳои байналмилалӣ пешгӯиҳои нохушоянд дар бораи баромади Манижа дар озмуни Евровидение - 2021 - ро идома медиҳанд.Ба гуфти таҳлилгарон, зодаи Тоҷикистон бо суруди Russian Woman ҳатто ба даҳгонаи аввали Евровидение - 2021 шомил намешавад. Гузашта аз ин, Манижа дар озмун танҳо ҷои 15-умро ишғол хоҳад кард. Ҳанӯз12 апрел намояндаи Федератсияи Русия дар Евровидение дар хатти 14 қарор дошт. Агар пешгӯиҳои букмекерҳо воқеан амалӣ шавад, пас ин дуввумин ҳолат дар таърих хоҳад буд, ки Русия ба финали Евровидение роҳ намеёбад."Намегузорам, маро шикананд": Манижа гуфт, ҳақ дорад худро зани рус номадБори аввал чунин манзара пас аз баромади сароянда Юлия Самойлова бо суруди I Won Breaking дар соли 2018 рух дод. Манижа дар Евровидение - 2021 Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Баъд аз он ки Дункан Лоуренс бо суруди Arcade дар соли 2019 пирӯз шуд, кишвар имкон пайдо кард, чорабиниро баргузор кунад, аммо бинобар пандемияи коронавирус он лағв карда шавад. Роттердам макони баргузории Евровидение - 2021 интихоб шудааст ва озмун аз 18 то 22 май дар Ahoy баргузор мешавад. Русияро дар Евровидение 2021 Манижа, зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.Вай ба ин сабқати бонуфуз бо суруди Russian Woman, ки ҳангоми овоздиҳии саросарӣ 8 март интихоб шудааст, хоҳад рафт. Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам аксарияти мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.Тавсифи Раҳмон аз Манижа: сари ҳамаро вайрон кард, мо бо ӯ ифтихор дорем Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад.Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид. Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд. "Русҳо ба ӯ овоз доданд": ҳомии ҳуқуқ Фадеев аз Манижа ҷонибдорӣ кардСарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman for Eurovision - 2021" беш аз 7,6 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
https://sputnik.tj/20210413/intiqodi-shufutinskiy-surud-manizha-evrovideneie-2021-1038286712.html
https://sputnik.tj/20210328/tagoi-Manizha-dar-borai-jiyan-oila-tanqidho-1033089255.html
https://sputnik.tj/20210408/zanoni-rus-alayhi-manizha-barhostand-1035161957.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103042/24/1030422440_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_42b80677bb49d9bb5df4399431515296.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
манижа сангин, евровидение - 2021, озмун, пешгӯии нохушоянд
манижа сангин, евровидение - 2021, озмун, пешгӯии нохушоянд
Пешгӯии мақоми Манижа дар Евровидение - 2021
Букмекерҳои байналмилалӣ боварӣ доранд, ки баромади Манижа дар Евровидение - 2021 номуваффақ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Букмекерҳои байналмилалӣ пешгӯиҳои нохушоянд дар бораи баромади Манижа дар озмуни Евровидение - 2021 - ро идома медиҳанд.
Ба гуфти таҳлилгарон, зодаи Тоҷикистон бо суруди Russian Woman ҳатто ба даҳгонаи аввали Евровидение - 2021 шомил намешавад.
Гузашта аз ин, Манижа дар озмун танҳо ҷои 15-умро ишғол хоҳад кард.
Ҳанӯз12 апрел намояндаи Федератсияи Русия дар Евровидение дар хатти 14 қарор дошт.
Агар пешгӯиҳои букмекерҳо воқеан амалӣ шавад, пас ин дуввумин ҳолат дар таърих хоҳад буд, ки Русия ба финали Евровидение роҳ намеёбад.
Бори аввал чунин манзара пас аз баромади сароянда Юлия Самойлова бо суруди I Won Breaking дар соли 2018 рух дод.
Манижа дар Евровидение - 2021
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Баъд аз он ки Дункан Лоуренс бо суруди Arcade дар соли 2019 пирӯз шуд, кишвар имкон пайдо кард, чорабиниро баргузор кунад, аммо бинобар пандемияи коронавирус он лағв карда шавад.
Роттердам макони баргузории Евровидение - 2021 интихоб шудааст ва озмун аз 18 то 22 май дар Ahoy баргузор мешавад.
Русияро дар Евровидение 2021 Манижа, зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Вай ба ин сабқати бонуфуз бо суруди Russian Woman, ки ҳангоми овоздиҳии саросарӣ 8 март интихоб шудааст, хоҳад рафт.
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам аксарияти мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад.
Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman for Eurovision - 2021" беш аз 7,6 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.