https://sputnik.tj/20210413/maosh-kormandon-nerugoh-norak-ozhons-1038311936.html
"Дуздӣ"-и беш аз 2 миллион сомонӣ маоши кормандони неругоҳи Норак: агентӣ гуфт, кӣ гирифт
"Дуздӣ"-и беш аз 2 миллион сомонӣ маоши кормандони неругоҳи Норак: агентӣ гуфт, кӣ гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Ожонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду масъули моддии неругоҳи барқии обии "Норак" хабар медиҳад, ки дар тасарруфи музди меҳнати кормандон гумонбар мешаванд
2021-04-13T11:27+0500
2021-04-13T11:27+0500
2021-07-07T18:39+0500
дар тоҷикистон
маблағ
нбо норак
тасарруф
парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101413/54/1014135486_0:500:2590:1957_1920x0_80_0_0_120278283dc29f846d153c7fe1702ef5.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Агентии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду масъули моддии неругоҳи барқии обии "Норак" хабар медиҳад, ки дар тасарруфи музди меҳнати кормандон гумонбар дониста мешаванд.Ба иттилои манбаъ, тафтиши фаъолияти молиявии хоҷагии ин неругоҳ бо фармоиши роҳбари Ожонсии зидди фасод, моҳи январи соли ҷорӣ сурат гирифт.Дар рафти тафтишот муайян гардид, ки шахсони маъули ин бахш, аз ҷумла О.В. ва Л. И. бо воситаи 38 корти пластикӣ, музди меҳнати кормандонро ба маблағи 2 миллиону 383 ҳазор сомонӣ тасаруф намудаанд.Оҷонсии зидди фасод барои 13 мансаби холӣ коргар меҷӯяд: маош аз 670 то 1300 сомонӣМанбаъ меафзояд, аз маблағи зарари ошкоркардашуда дар рафти санҷиш 1 миллиону 818,5 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.Ба ҳамин минвол, нисбати О.В. ва Л.И. бо моддаи 245 қисми 4 банди "б" ва моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.Феълан, назари ҷониби боздоштшудаҳо ва ҳимояткунандаҳои онҳо дар робита ба қазияи тасарруфи маоши кормандони неругоҳи мазкур, рӯи даст нест.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101413/54/1014135486_0:105:2590:2048_1920x0_80_0_0_c9bef18c12688796fed91b2f629843a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, агентии зидди фасод, неругоҳи норак, маош
боздошт, агентии зидди фасод, неругоҳи норак, маош
"Дуздӣ"-и беш аз 2 миллион сомонӣ маоши кормандони неругоҳи Норак: агентӣ гуфт, кӣ гирифт
11:27 13.04.2021 (Навсозишуда: 18:39 07.07.2021) Агентӣ мегӯяд, боздоштшудаҳо бо воситаи 38 корти пластикӣ, музди меҳнати кормандони ин неругоҳро ба миқдори 2 миллиону 383 ҳазоро азхуд намуданд
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Агентии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду масъули моддии неругоҳи барқии обии "Норак" хабар медиҳад, ки дар тасарруфи музди меҳнати кормандон гумонбар дониста мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, тафтиши фаъолияти молиявии хоҷагии ин неругоҳ бо фармоиши роҳбари Ожонсии зидди фасод, моҳи январи соли ҷорӣ сурат гирифт.
Дар рафти тафтишот муайян гардид, ки шахсони маъули ин бахш, аз ҷумла О.В. ва Л. И. бо воситаи 38 корти пластикӣ, музди меҳнати кормандонро ба маблағи 2 миллиону 383 ҳазор сомонӣ тасаруф намудаанд.
Манбаъ меафзояд, аз маблағи зарари ошкоркардашуда дар рафти санҷиш 1 миллиону 818,5 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.
Ба ҳамин минвол, нисбати О.В. ва Л.И. бо моддаи 245 қисми 4 банди "б" ва моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Феълан, назари ҷониби боздоштшудаҳо ва ҳимояткунандаҳои онҳо дар робита ба қазияи тасарруфи маоши кормандони неругоҳи мазкур, рӯи даст нест.