https://sputnik.tj/20210413/halokshuda-shahsiyati-nomalum-vkd-ronanda-1038351418.html
"Ҳалокшудаҳо 6 нафар, шахсияти якеаш номаълум": ВКД гуфт, ронанда аз уҳдаи идора набаромад
"Ҳалокшудаҳо 6 нафар, шахсияти якеаш номаълум": ВКД гуфт, ронанда аз уҳдаи идора набаромад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, шахсияти яке аз 6 ҳалокшуда дар шаҳри Ваҳдат – марди тахминан 35 – 40 -сола то ҳол маълум нест.
2021-04-13T18:46+0500
2021-04-13T18:46+0500
2021-07-21T18:45+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102231/72/1022317273_0:113:2164:1330_1920x0_80_0_0_4f21c268cd7e42a1ea94f87d78cfd725.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, шахсияти яке аз 6 ҳалокшуда дар шаҳри Ваҳдат – марди тахминан 35 – 40 - сола то ҳол номаълум мебошад. Манбаъ зикр намуд, ки шоми 11 март, Ҷамшедҷон Худойбердиев, ронандаи 30-солаи мошини “Опел-Астра”, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Ваҳдат ба Норак, дар ҳудуди деҳаи Суғдиён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст. ВУД илова намуд, ки дар натиҷа “Опел” ба мошини боркаши “Камаз”, таҳти идораи Шарифов Сайдалӣ, сокини 38-солаи ноҳияи Фархор, бархӯрдаст. Дар пайи бархӯрд ронандаи “Опел-Астра”, Худойбердиев ва мусофиронаш Зикруллоеваҳо Савриниссои 45-сола ва Зуҳрои 6-сола, сокинони Кӯлоб, Раҳимов Иброҳими 57-сола ва Абдиев Ҳабибуллои 43-сола, сокинони ноҳияи Муъминобод дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. ВУД афзуд, ҳуввияти қурбонии панҷуми ин садама, марди тахминан 35-40-сола то ҳол номаълум мебошад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
https://sputnik.tj/20210413/jasad-duhtar-kuhho-levakand-daryoft-1038343347.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102231/72/1022317273_120:0:2044:1443_1920x0_80_0_0_049153ac6543ddd3111c33133bbcc011.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
"Ҳалокшудаҳо 6 нафар, шахсияти якеаш номаълум": ВКД гуфт, ронанда аз уҳдаи идора набаромад
18:46 13.04.2021 (Навсозишуда: 18:45 21.07.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, садамаи пурқурбонӣ дар шаҳри Ваҳдат, ки 6 кушта, аз ҷумла як зану кӯдакро барҷой гузошт, бар асари аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадани ронандаи “Опел” рух додааст
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, шахсияти яке аз 6 ҳалокшуда дар шаҳри Ваҳдат – марди тахминан 35 – 40 - сола то ҳол номаълум мебошад.
Манбаъ зикр намуд, ки шоми 11 март, Ҷамшедҷон Худойбердиев, ронандаи 30-солаи мошини “Опел-Астра”, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Ваҳдат ба Норак, дар ҳудуди деҳаи Суғдиён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
ВУД илова намуд, ки дар натиҷа “Опел” ба мошини боркаши “Камаз”, таҳти идораи Шарифов Сайдалӣ, сокини 38-солаи ноҳияи Фархор, бархӯрдаст.
Дар пайи бархӯрд ронандаи “Опел-Астра”, Худойбердиев ва мусофиронаш Зикруллоеваҳо Савриниссои 45-сола ва Зуҳрои 6-сола, сокинони Кӯлоб, Раҳимов Иброҳими 57-сола ва Абдиев Ҳабибуллои 43-сола, сокинони ноҳияи Муъминобод дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. ВУД афзуд, ҳуввияти қурбонии панҷуми ин садама, марди тахминан 35-40-сола то ҳол номаълум мебошад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.