https://sputnik.tj/20210413/dasturi-jurazoda-dar-internet-targhib-shavand-1038322566.html
Дастури Ҷӯразода ба масъулин: мавзеъҳои сайёҳӣ тоза ва дар интернет тарғиб шаванд
Дастури Ҷӯразода ба масъулин: мавзеъҳои сайёҳӣ тоза ва дар интернет тарғиб шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе аз фаъолияти семоҳаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумат натиҷагирӣ карда шуд.
2021-04-13T13:15+0500
2021-04-13T13:15+0500
2021-04-13T13:15+0500
дастур
тоҷиддин ҷӯразода
рушд
кумитаи сайёҳӣ
масъулин
сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/24/1031392406_0:209:3163:1988_1920x0_80_0_0_a73c28ff4116eb4f21ccb6d1b5c2093a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Дар Душанбе аз фаъолияти семоҳаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумат натиҷагирӣ карда шуд.Дар ҷаласаи ҳайати мушовара раиси Кумита Тоҷиддин Ҷӯразода ширкат ва суханронӣ кард.Ӯ ба масъулин барои рушди ин соҳа дастур доа гуфт, масъулини соҳаро дар маҳал зарур аст, таҳлилҳоро сари вақт пешниҳод кунанд ва хатсайрҳои сайёҳиро тарғиб намоянд.Ҳамчунин дар ин ҷаласа зикр шуд, ки соли равон Тоҷикистон мизбони чандин барномаҳои сатҳи баланди сайёҳӣ, мегардад.Ҳамин тарв дар Тоҷикистон, Форуми байналмилалии рушди агротуризм, дар доираи таҷлили 20 — солагии СҲШ, ташкили форуми сайёҳии СҲШ, ҷаласаи вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мешавад.Ҳамчунин кишвар мизбони фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ, дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе — пойтахти сайёҳии ЭКО барои солҳои 2020-2021 гузаронидани Фестивали байналмилалии "Душанбе-пойтахти сайёҳии ЭКО" мегардад.Ҷӯразода афзуд, ки Ҳукумати ба рушди сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд ва дар ин замина бо мақсади тавсеаи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконият ва захираҳои сайёҳии мамлакат ба оламиён тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд.
https://sputnik.tj/20210212/sayii-dokhili-dar-Tojikiston-foidaovar-nest-1032812807.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/24/1031392406_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_c2e1005d1d2cd368102fce42689a58d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумитаи соҳаи рушди сайёҳӣ, тоҷикистон, сайёҳат,
кумитаи соҳаи рушди сайёҳӣ, тоҷикистон, сайёҳат,
Дастури Ҷӯразода ба масъулин: мавзеъҳои сайёҳӣ тоза ва дар интернет тарғиб шаванд
Кумитаи рушди сайёҳӣл мегӯяд, барои рушди саёҳӣ бояд маҳалҳои сайёҳӣ пок ва дар интернет тарғиб шаванд
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Дар Душанбе аз фаъолияти семоҳаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумат натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара раиси Кумита Тоҷиддин Ҷӯразода ширкат ва суханронӣ кард.
Ӯ ба масъулин барои рушди ин соҳа дастур доа гуфт, масъулини соҳаро дар маҳал зарур аст, таҳлилҳоро сари вақт пешниҳод кунанд ва хатсайрҳои сайёҳиро тарғиб намоянд.
"Вазъи тозагии мавзеъҳои сайёҳӣ, тарғиби имконияти сайёҳии шаҳру ноҳияҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, таъмини иҷрои супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва таҳияи босифати санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба фаъолияти худ тақвият бахшанд", - гуфт ӯ.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа зикр шуд, ки соли равон Тоҷикистон мизбони чандин барномаҳои сатҳи баланди сайёҳӣ, мегардад.
Ҳамин тарв дар Тоҷикистон, Форуми байналмилалии рушди агротуризм, дар доираи таҷлили 20 — солагии СҲШ, ташкили форуми сайёҳии СҲШ, ҷаласаи вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мешавад.
Ҳамчунин кишвар мизбони фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ, дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе — пойтахти сайёҳии ЭКО барои солҳои 2020-2021 гузаронидани Фестивали байналмилалии "Душанбе-пойтахти сайёҳии ЭКО" мегардад.
Ҷӯразода афзуд, ки Ҳукумати ба рушди сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд ва дар ин замина бо мақсади тавсеаи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконият ва захираҳои сайёҳии мамлакат ба оламиён тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд.