Мехостанд фурӯшанд: шарҳи ВКД дар бораи забҳи даҳҳо хар дар Қаршӣ

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкМясо, архивное фото
Мясо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Обуна шудан
Ин афрод боздошт шуданд. Ҳангоми бозпурсӣ онҳо гуфтанд, ки ҳайвонотро барои фурӯш забҳ кардаанд
ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Дар вилояти Қаршии Ӯзбекистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як ҳодисаи ваҳшиёнаро дар маҳаллаи "Арабхона" ошкор карданд, хабар додааст Sputnik Ӯзбекистон.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоот паҳн шуд, ки харҳоро дар он минтақа куштаю нақша доштанд онро дар бозор ба фурӯш бароранд.
Дар пайи сарусадоҳо ва таҳқиқи мақомот овозаҳо тасдиқ карда шуданд. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтуков дар ҷои ҳодиса, кормандони Раёсати корҳои дохилии вилоят даҳҳо пӯст ва маҳсулоти гӯштӣ пайдо карданд. Ҳамчунин, 20 харро зинда пайдо намуданд.
Ослабление карантинного режима в городах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Нархи гӯшт дар вилояти Хатлон ба 60 сомонӣ расид
Гуфта мешавад, соҳибони хона боздошт шуданд. Ҳангоми бозпурсӣ онҳо гуфтанд, ки ҳайвонотро барои фурӯш забҳ кардаанд.
Ҳамзамон дар ҷойи ҳодиса кормандони Идораи байторӣ ва чорводорӣ низ ҳузур доштаанд. Онҳо тасдиқ кардаанд, ки гӯшт воқеан моли хар аст ва хӯрдани он ҷоиз нест.
Ба иттилои манбаъ, пӯстҳо ва маҳсулоти гӯштӣ сӯзонида шуданд. Тафтишот дар ин самт идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0