https://sputnik.tj/20210412/moi-sugd-covid-19-peshraft-guftushunidho-monea-1035593578.html
Маъмурияти МОИ “Суғд”: соли гузашта COVID-19-и ба пешрафти он гуфтушунидҳо монеа эҷод кард
Маъмурияти МОИ “Суғд”: соли гузашта COVID-19-и ба пешрафти он гуфтушунидҳо монеа эҷод кард
Sputnik Тоҷикистон
Маъмурияти МОИ “Суғд” таъкид дошт, ки соли ҷорӣ ба масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ва ташкили корхонаҳои нав таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуда, корбарӣ дар ин самт боз ҳам мустаҳкамтар карда мешавад.
2021-04-12T20:45+0500
2021-04-12T20:45+0500
2021-08-10T17:01+0500
иқтисод
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
суғд
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/32/1024183235_1:0:2613:1469_1920x0_80_0_0_a7c11d2273b9d942e5e6df089596fab6.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи расмии минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) Суғд, айни замон Маъмурияти МОИ "Суғд" бо якчанд довталабон гуфтушуниди пешакӣ доир ба таъсиси корхонаҳо дорад, ки сирояти COVID-19-и соли гузашта ба пешрафти он гуфтушунидҳо монеа эҷод намуд.Зикр шудааст, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар субъектҳои навтаъсис ва ободонии ҳудуди МОИ идома дорад. Манбаъ таъкид доштааст, ки дар соли 2020, новобаста аз пандемияи сирояти COVID-19 нишондиҳандаҳои фаъолияти истеҳсолии субъектҳои МОИ “Суғд” тамоюли рушд дошданд. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар соли 2020 169,8 млн сомониро ташкил дод. Дар қиёс ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 167,5 миллион сомонӣ баробар шуда буд. Ҳамзамон мабаъ зикр кардааст, ки дар ин давра ҳаҷми содирот ва пардохтҳо ба буҷети давлатӣ низ дар қатори истеҳсолот афзуданд.
https://sputnik.tj/20181225/Istesoli-fuluzporai-rekhta-dar-MOI-Sud-bo-sarmoyaguzorii-Uzbakiston-1027825577.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/32/1024183235_327:0:2286:1469_1920x0_80_0_0_cb9034d724a384099e0aaab2be20669d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
covid-19, мои “суғд”
Маъмурияти МОИ “Суғд”: соли гузашта COVID-19-и ба пешрафти он гуфтушунидҳо монеа эҷод кард
20:45 12.04.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Маъмурияти МОИ “Суғд” таъкид дошт, ки соли ҷорӣ ба масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ва ташкили корхонаҳои нав таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуда, корбарӣ дар ин самт боз ҳам мустаҳкамтар карда мешавад
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи расмии минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) Суғд, айни замон Маъмурияти МОИ "Суғд" бо якчанд довталабон гуфтушуниди пешакӣ доир ба таъсиси корхонаҳо дорад, ки сирояти COVID-19-и соли гузашта ба пешрафти он гуфтушунидҳо монеа эҷод намуд.
Зикр шудааст, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар субъектҳои навтаъсис ва ободонии ҳудуди МОИ идома дорад.
“Ифтитоҳи расмии якчанд иқтидорҳои истеҳсолӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти кишвар пешбинӣ шудааст, ки оғози фаъолияти онҳо ба тавсеаи нишондиҳандаҳои умумии фаъолияти МОИ, бо назардошти ташкили ҷойҳои навӣ корӣ, такони ҷиддӣ мебахшад”, - таъкид доштааст роҳбари Маъмурият Камолиддинзода Илёссиддин.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар соли 2020, новобаста аз пандемияи сирояти COVID-19 нишондиҳандаҳои фаъолияти истеҳсолии субъектҳои МОИ “Суғд” тамоюли рушд дошданд.
Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар соли 2020 169,8 млн сомониро ташкил дод. Дар қиёс ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 167,5 миллион сомонӣ баробар шуда буд.
Ҳамзамон мабаъ зикр кардааст, ки дар ин давра ҳаҷми содирот ва пардохтҳо ба буҷети давлатӣ низ дар қатори истеҳсолот афзуданд.