Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Манижа: таслим шуданӣ нестам

© Sputnik / Максим БлиновРоссийская певица Манижа Сангин
Российская певица Манижа Сангин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Обуна шудан
Манижа дар мусоҳиба бо нашрияи номии Бритониё маънои аслии таронаи "Зани рус"-ро, ки ӯ дар Евровидение - 2021 пешниҳод мекунад, гуфтааст ва афзудааст, ки дар рӯ ба рӯи танқидҳо таслим шуданӣ нест
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар мусоҳиба бо нашрияи The Guardian овозхон Манижа дар бораи маънои таронаи Russian Woman, ки бо он ӯ дар озмуни Евровидение - 2021 дар Роттердам баромад мекунад, гуфтааст.
Ҳунарманд истифодаи вожаи истеҳзоомезро дар матни тарона тавзеҳ додааст. Ба гуфтаи Манижа, ба ин ӯро муошират бо одамоне водор кард, ки саволҳои ноҷо медиҳанду маслиҳатҳои густохона.
Ҳамин тавр, ҳунарманд гуфтааст, ки ба ӯ зиёд дар бораи хароб шудан ва надоштани фарзанд дар 30-солагӣ гуфтаанд.
Тавсифи Эмомалӣ Раҳмон аз муштзанҳои Исфара ва овозхон Манижа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Видеои тавсифи Раҳмон аз муштзанҳои Исфара ва Манижа: “тамошо кардам”
"Мо медонем, ки ингуна суханҳо метавонанд дили касро озор диҳанд, ман намехостам ин гапҳоро ба духтаронам гӯям", - таъкид кардааст Манижа.
Овозхон ба лирика ва таассуротҳои ҷиддии инфиродӣ аҳамияти бештар додааст.
Масалан, онҳо дар сатри "Но сломанной family не сломать меня" истифода шудаанд.
Илова бар ин, Манижа дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Guardian" назари худро дар бораи танқидҳо гуфтааст, ки ҷонибаш садо медиҳанд.
Сароянда афзудааст, ки мавҷи танқидҳо танҳо ӯро мустаҳкам мекунанд.
Ба гуфтаи Манижа, вай таслим шуданӣ нест: овозхон минбаъд низ барои пирӯзӣ дар Евровидение - 2021 кӯшиш мекунад.

Евровидение - 2021

Манижа Сангин имсол Русияро дар озмуни байналмилалии Евровидение-2021 бо таронаи "Зани рус" муаррифӣ мекунад. Рӯзи 8 март дар давраи интихобии озмун дар Русия тариқи Шабакаи аввали кишвар маълум гардид, ки имсол дар озмун аз номи Русия Манижа иштирок мекунад.
Аммо таронаи "Зани рус" дарҳол зери вокунишҳои тунди бархе, аз ҷумла вакилону сиёсатмадорони Русия қарор гирифт.
Видеои тавсифи Раҳмон аз муштзанҳои Исфара ва Манижа: “тамошо кардам”
Бисёрашон бар ин буданд, ки матни тарона нофаҳмо ва бемантиқ аст.
Дар ҳамин ҳол, кам нестанд нафаране, ки овозхони тоҷиктаборро дастгирӣ мекунанд. Аз ҷумла бештари ситораҳои шоу-бизнеси Русия, ситораҳои тоҷик ба Манижа Сангин муваффақият таманно кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0