https://sputnik.tj/20210412/barhurd-dulan-opel-vahdat-1035399911.html
Шарҳи расмии садамаи мудҳиш дар Ваҳдат, ки ҷони 5 нафарро рабуд
Шарҳи расмии садамаи мудҳиш дар Ваҳдат, ки ҷони 5 нафарро рабуд
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе - Ваҳдат - Данғара панҷ тан ҳалок шуд
2021-04-12T16:51+0500
2021-04-12T16:51+0500
2021-07-29T16:31+0500
дар тоҷикистон
кҳф
ҳодиса
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102350/38/1023503835_0:0:1118:630_1920x0_80_0_0_78711e19b7205ee881b0aa6b2a59d960.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса шаби гузашта соати 21:19 дақиқа дар мавзеи Лақайбегии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара сар задааст.Ба иттилои манбаъ, мошини тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ бо чор мусофир буд, ҳангоми аз самти Кӯлоб ба шаҳри Душанбе омадан ба мошини боркаши “Дулан”, мутааллиқи сокини 37-солаи ноҳияи Фархор, бархурдааст. "Ронанда ва ҳамаи чор мусофири мошини “Опел-Астра”, ки 3 нафраи онҳо мард, яке зан ва чорумӣ кӯдаки ноболиғ будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - афзудааст манбаъ.Ҷасади қурбониёни ин садамаи мудҳиш аз ҷониби сокинони маҳалле, ки садама рух додааст, аз дохили мошин бароварда шуда, ба бемористони марказии шаҳри Ваҳдат интиқол дода шудаанд, таъкид кардааст манбаъКҲФ гуфтааст, сабаби ин садама ҳоло дақиқан маълум нест ва мақомоти тафтишотӣ сабабҳои садамаро дақиқ мекунанд.
https://sputnik.tj/20210412/barhurd-mercedes-marg-sadama-khatlon-1035305086.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102350/38/1023503835_0:0:1118:839_1920x0_80_0_0_f2f9063729f3a3bbe902a945f4fe3b10.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваҳдат, садама, мошин, роҳ
ваҳдат, садама, мошин, роҳ
Шарҳи расмии садамаи мудҳиш дар Ваҳдат, ки ҷони 5 нафарро рабуд
16:51 12.04.2021 (Навсозишуда: 16:31 29.07.2021) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон садамаи мудҳиши роҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғараро, ки дар пайи он панҷ нафар ҳалок шуд, шарҳ додааст
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса шаби гузашта соати 21:19 дақиқа дар мавзеи Лақайбегии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, мошини тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ бо чор мусофир буд, ҳангоми аз самти Кӯлоб ба шаҳри Душанбе омадан ба мошини боркаши “Дулан”, мутааллиқи сокини 37-солаи ноҳияи Фархор, бархурдааст.
"Ронанда ва ҳамаи чор мусофири мошини “Опел-Астра”, ки 3 нафраи онҳо мард, яке зан ва чорумӣ кӯдаки ноболиғ будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - афзудааст манбаъ.
Ҷасади қурбониёни ин садамаи мудҳиш аз ҷониби сокинони маҳалле, ки садама рух додааст, аз дохили мошин бароварда шуда, ба бемористони марказии шаҳри Ваҳдат интиқол дода шудаанд, таъкид кардааст манбаъ
КҲФ гуфтааст, сабаби ин садама ҳоло дақиқан маълум нест ва мақомоти тафтишотӣ сабабҳои садамаро дақиқ мекунанд.