https://sputnik.tj/20210411/sharhi-nizomi-hizbi-maqomot-viloyati-khatlon-safar-1035256359.html
Шарҳи низоми ҳаракати ҳизбӣ: мақомоти ҲХДТ барои як ҳафта ба вилояти Хатлон сафар карданд
Шарҳи низоми ҳаракати ҳизбӣ: мақомоти ҲХДТ барои як ҳафта ба вилояти Хатлон сафар карданд
Sputnik Тоҷикистон
Давоми як ҳафтаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён бо мақсади ба мардум расонидани дастуру... 11.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-11T13:25+0500
2021-04-11T13:25+0500
2021-06-10T13:43+0500
ҳхдт
хатлон
дар тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102904/50/1029045065_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_ac8e703020f3c42dfd110c3959bd32d6.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар додааст, аснои сафар дар мавзӯи “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва татбиқи аксияҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллу деҳот” бо раисони ҷамоат, кумитаҳои маҳалла ва роҳбарони ташкилоти ибтидоии шаҳру ноҳияҳо машварат доир намуд. Дар он ба иштирокдорон усулҳои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, бахусус тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, низоми ҳаракати ҳизбӣ фаҳмонида шуданд. Ҳамчунин барои ташкил ва иштироки фаъолона дар аксияҳои ҳизбӣ ва дастгирии ниёзмандону маъюбон ибрози назар карда шуд.Зикр шуд, ки аёдати шахсони ниёзманд ва маъюб яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ маҳсуб меёбад.Ҳамзамон масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон дар баргузории аксияҳои ободонӣ иштирок карда, бо раванди созандагиҳо ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин шаҳру ноҳия аз наздик шинос гаштанд.
https://sputnik.tj/20201210/Emomali-Rahmon-az-nim-million-azo-va-tavonoii-HKhDT-guftu-hamizbinashro-tabrik-kard-1032429525.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102904/50/1029045065_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_25fbf360639daf738ee88f41a88cd411.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳхдт, хатлон, дар тоҷикистон, сиёсат
ҳхдт, хатлон, дар тоҷикистон, сиёсат
Шарҳи низоми ҳаракати ҳизбӣ: мақомоти ҲХДТ барои як ҳафта ба вилояти Хатлон сафар карданд
13:25 11.04.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Давоми як ҳафтаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён бо мақсади ба мардум расонидани дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафари кардааст
ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар додааст, аснои сафар дар мавзӯи “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва татбиқи аксияҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллу деҳот” бо раисони ҷамоат, кумитаҳои маҳалла ва роҳбарони ташкилоти ибтидоии шаҳру ноҳияҳо машварат доир намуд.
Дар он ба иштирокдорон усулҳои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, бахусус тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, низоми ҳаракати ҳизбӣ фаҳмонида шуданд.
Ҳамчунин барои ташкил ва иштироки фаъолона дар аксияҳои ҳизбӣ ва дастгирии ниёзмандону маъюбон ибрози назар карда шуд.
Зикр шуд, ки аёдати шахсони ниёзманд ва маъюб яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон дар баргузории аксияҳои ободонӣ иштирок карда, бо раванди созандагиҳо ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин шаҳру ноҳия аз наздик шинос гаштанд.