Роҳбари САҲА ба Тоҷикистон меояд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкВстреча главы МИД Армении А. Айвазяна с председателем ОБСЕ А. Линде
Встреча главы МИД Армении А. Айвазяна с председателем ОБСЕ А. Линде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2021
Обуна шудан
Анн Линде, раиси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо рӯзҳои наздик дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва аз Тоҷикистон низ дидан мекунад
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Шветсия, Анн Линде, ба ҳайси раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ташриф меорад, хабар додааст котиботи матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарӣ.
Ба иттилои манбаъ, сафари вазири корҳои хориҷии Шветсия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 11 то 15 апрел сурат мегирад. Анн Линде аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон боздид мекунад.
Сафар ба Туркманистон ба нақша гирифта нашудааст ва дар бораи сабабҳо низ иттилое дода нашудааст. Таъкид мешавад, ки роҳбари САҲА ба ҷои мулоқоти рӯ ба рӯ бо мақомдорони туркман тавассути пайванди видеоӣ сӯҳбат хоҳад кард.
Вазири корҳои хориҷии Шветсия дар ҷараёни сафар бо роҳбарони сиёсии ҳар як кишвар, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот карда, аз дафтарҳои САҲА ва дигар муассисаҳо дар Осиёи Марказӣ дидан хоҳад кард, - омадааст дар иттилоия.
Мавзӯи гуфтушунидҳо густариши ҳамкории САҲА ҳамчун созмон ва давлатҳои иштирокчии он дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0