https://sputnik.tj/20210411/oblava-bozdoshti-terrorist-sharhi-vkd-video-1035296382.html
Навори баҳсбарангез дар Душанбе: шарҳи ВКД ва ҳушдор ба заноне ки халал расондаанд - видео
Навори баҳсбарангез дар Душанбе: шарҳи ВКД ва ҳушдор ба заноне ки халал расондаанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи нашри навори он, ки гуруҳе як нафарро бо худ кашида бурданӣ мешаванду норозигии
2021-04-11T18:31+0500
2021-04-11T18:31+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
боздошт
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0b/1035296013_0:0:1600:900_1920x0_80_0_0_82f7ed7e91b3970ae7834fc720dcb29c.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи нашри навори он, ки гуруҳе як нафарро бо худ кашида бурданӣ мешаванду норозигии атрофиёнро ба вуҷуд овардаанд, дар иттилоияе гуфт, “террорист дастгир шуд". Дар наворе, ки зани ронандаи мусофирбар онро сабт кардааст, таъкид мешавад, ки гуруҳе бидуни пешниҳоди ҳуҷҷат худро корманди мақомот гуфта, мошинашро шикаста, бо зӯрӣ як нафарро рабуданиянд. ВУД аз ин мард, Идибегов Имомалӣ, сокини 39-солаи деҳаи Якатути ноҳияи Рӯдакӣ, падари 3 фарзанд, ном бурд, ки ба иттилои ин ниҳод солҳои 2015-2017 дар шаҳри Маскав дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаасту тариқи шабакаҳои интернетӣ ҷонибдорияшро аз созмони террористии ДИИШ* баён доштааст.Ба иттилои ВУД, Идибегов ҳамроҳи шариконаш - Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷонович, шаҳрвандони Ӯзбекистон, дар ҳудуди Русия амалисозии якчанд амалҳои террористиро ба нақша гирифта, инчунин барои хазинаи давлати исломӣ маблағҳои муайн ворид кардаанд.Ин ниҳод илова намуд, ки аз ин нақшаҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия огоҳ шуда, ду шаҳрванди Ӯзбекистонро дастгир кардаанд, аммо гумонбаршуда Имомалӣ Идибегов ба Тоҷикистон фирор карда ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.Наворе, ки дар шабакаҳои интернетӣ бо номи “облава” чарх мезанад, ВУД мегӯяд, ин амалиёти боздошти “ҷинояткори хавфнок Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович аз ҷониби кормандони милитсия” буд. ВУД тавзеҳ додааст, ки дар ин амалиёт ҳамсари гумонбаршуда - Ғаниева Дилбар, ронандаи таксӣ Забирова Сабоҳат ва Шаҳлои Салоҳиддин, ки бо ҳам робитаи зич доштаанд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштани Идибеговро медонистаанд, дидаву дониста ба раванди фаъолияти кормандони милитсия монеагӣ эҷода намудааанд. Дар навор дида мешавад, ки Идибегов дар пайи кашокаш гӯиё беҳуш мешавад, аммо ВУД мегӯяд, Идибегов худро ҳамчун бемор вонамуд намуда, бо ин рафтори айёронаи худ диққати роҳгузаронро бештар ҷалб намуда, издиҳоми зиёди одамонро ба вуҷуд овард.ВУД мегӯяд, муттаҳам дар ҳабси пешакӣ буда, нисбати шаҳрвандоне, ки дар рафти дастгиркунии Идибегов ба кормандони милитсия халал расонидаанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.Феълан назари Идибегов ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин иттиҳоми эълонкардаи мақомоти Тоҷикистон маълум нест. *созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0b/1035296013_265:0:1465:900_1920x0_80_0_0_647ca613a28ff6a9867bbdcc71d8e443.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, боздошт, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, боздошт, дар тоҷикистон
Навори баҳсбарангез дар Душанбе: шарҳи ВКД ва ҳушдор ба заноне ки халал расондаанд - видео
18:31 11.04.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия зери унвони “террорист дастгир гардид”, навори баҳсбарангезро, ки дар интернет чарх мезанад, шарҳ дода, таъкид намудааст, алайҳи заноне, ки халал расонданд, чораи қонунӣ андешида мешавад
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи нашри навори он, ки гуруҳе як нафарро бо худ кашида бурданӣ мешаванду норозигии атрофиёнро ба вуҷуд овардаанд, дар иттилоияе гуфт, “террорист дастгир шуд". Дар наворе, ки зани ронандаи мусофирбар онро сабт кардааст, таъкид мешавад, ки гуруҳе бидуни пешниҳоди ҳуҷҷат худро корманди мақомот гуфта, мошинашро шикаста, бо зӯрӣ як нафарро рабуданиянд.
ВУД аз ин мард, Идибегов Имомалӣ, сокини 39-солаи деҳаи Якатути ноҳияи Рӯдакӣ, падари 3 фарзанд, ном бурд, ки ба иттилои ин ниҳод солҳои 2015-2017 дар шаҳри Маскав дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаасту тариқи шабакаҳои интернетӣ ҷонибдорияшро аз созмони террористии ДИИШ* баён доштааст.
Ба иттилои ВУД, Идибегов ҳамроҳи шариконаш - Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷонович, шаҳрвандони Ӯзбекистон, дар ҳудуди Русия амалисозии якчанд амалҳои террористиро ба нақша гирифта, инчунин барои хазинаи давлати исломӣ маблағҳои муайн ворид кардаанд.
Ин ниҳод илова намуд, ки аз ин нақшаҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия огоҳ шуда, ду шаҳрванди Ӯзбекистонро дастгир кардаанд, аммо гумонбаршуда Имомалӣ Идибегов ба Тоҷикистон фирор карда ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.
Наворе, ки дар шабакаҳои интернетӣ бо номи “облава” чарх мезанад, ВУД мегӯяд, ин амалиёти боздошти “ҷинояткори хавфнок Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович аз ҷониби кормандони милитсия” буд.
ВУД тавзеҳ додааст, ки дар ин амалиёт ҳамсари гумонбаршуда - Ғаниева Дилбар, ронандаи таксӣ Забирова Сабоҳат ва Шаҳлои Салоҳиддин, ки бо ҳам робитаи зич доштаанд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштани Идибеговро медонистаанд, дидаву дониста ба раванди фаъолияти кормандони милитсия монеагӣ эҷода намудааанд.
“Дар байни ҷомеа иғво андохта, тариқи телефон рафти дастгиркунии ҷинояткорро ба навор гирифта, дар шабакаҳои интернетӣ ҳамчун сафарбаркунии маҷбурӣ (облава) ба сафи артиш шарҳ дода, паҳн намудаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Дар навор дида мешавад, ки Идибегов дар пайи кашокаш гӯиё беҳуш мешавад, аммо ВУД мегӯяд, Идибегов худро ҳамчун бемор вонамуд намуда, бо ин рафтори айёронаи худ диққати роҳгузаронро бештар ҷалб намуда, издиҳоми зиёди одамонро ба вуҷуд овард.
ВУД мегӯяд, муттаҳам дар ҳабси пешакӣ буда, нисбати шаҳрвандоне, ки дар рафти дастгиркунии Идибегов ба кормандони милитсия халал расонидаанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Феълан назари Идибегов ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин иттиҳоми эълонкардаи мақомоти Тоҷикистон маълум нест.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия