https://sputnik.tj/20210411/maqomi-navi-general-tohir-pisari-sherali-hayrullo-malum-shud-aks-1035253745.html
Мақоми нави генерал Тоҳир, писари Шералӣ Хайрулло - акс
Мақоми нави генерал Тоҳир, писари Шералӣ Хайрулло - акс
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Тоҳир Хайруллоев аз Тоҷикистон ба вазифаи ноиби дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъйин шуда, дар ин мақом кор
2021-04-11T09:56+0500
2021-04-11T09:56+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
саад
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102842/67/1028426751_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_f64deece98540e6e54a18362da05c1cb.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Тоҳир Хайруллоев аз Тоҷикистон ба вазифаи ноиби дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъйин шуда, дар ин мақом кор мекунад. Тоҷикистон соли равон роҳбарӣ дар ин созмонро ба уҳда дорад. Бар асоси ҳолномаи нашркардаи СААД, генерал Тоҳир Хайруллоев соли 1974 дар шаҳри Кизили ҷумҳурии Тива таваллуд шуда, солҳои зиёд дар мақомоти Русия ва Тоҷикистон фаъолият доштааст.Тибқи ин манбаъ, Хайруллоев соли 1997 Донишкадаи низомии қушунҳои дохилии Русия, соли 2005 Академияи низомию дипломатии Вазорати дифоъ ва соли 2010 Академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Русияро хатм кардааст.Аз соли 1997 то соли 2003 дар дар қувваҳои мусаллаҳи Русия ва аз соли 2003 то 2020 дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар мақомҳои гуногун хизмат намудааст. Тоҳир Хайруллоев аз ҷумла дар мақомҳои фармондеҳи гуруҳи десантӣ, ноиби аввали сардори Ситоди кули қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат карда, ахиран дар вазифаи машваратчии шуъбаи амнияти мудофиавии дастгоҳи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ фаъолият дошт. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, охири соли гузашта, бо имзои як амр Хайруллоев Тоҳир Шералиевичро аз мақом барканор карда, далели онро гузаштан ба кори дигар арзёбӣ карда буд, аммо мақоми наваш гуфта нашуд. Дар сомонаи СААД омадааст, ки Тоҳир Хайруллоев аз аввали соли равон дар мақоми ноиби дабири кулли СААД кор мекунад. Генерал Тоҳир Хайруллоев, ки қаблан дар мақомоти низомии Тоҷикистону Русия кор мекардааст, писари Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиа ва ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Шералӣ Хайруллоев, ки ҳозир 71 сол дорад, моҳи ноябри соли 2013 баъди 18 соли кор ба ҳайси вазири мудофиаи Тоҷикистон аз ин мақом барканор шуд. Баъдан 25 январи 2014 Шералӣ Хайруллоев ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ таъйин шуд. Соли 2019 бо фармони раисиҷумҳур Шералӣ Хайруллоев бо сабаби ба нафақа баромадан, аз вазифаи ёвари Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои амнияти миллӣ озод шуда буд.
https://sputnik.tj/20180110/nigaronii-sherali-khairulloev-1024382765.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102842/67/1028426751_152:0:1972:1365_1920x0_80_0_0_4bcbe5a9b950e73024af70aa5c34507a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, саад, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, саад, дар тоҷикистон
Мақоми нави генерал Тоҳир, писари Шералӣ Хайрулло - акс
09:56 11.04.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Генерал майор Тоҳир Хайруллоев, ки охири соли гузашта бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми машваратчии Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ барканор шуда буд, дар мақоми нав фаъолият дорад
ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Тоҳир Хайруллоев аз Тоҷикистон ба вазифаи ноиби дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъйин шуда, дар ин мақом кор мекунад. Тоҷикистон соли равон роҳбарӣ дар ин созмонро ба уҳда дорад.
Бар асоси ҳолномаи нашркардаи СААД, генерал Тоҳир Хайруллоев соли 1974 дар шаҳри Кизили ҷумҳурии Тива таваллуд шуда, солҳои зиёд дар мақомоти Русия ва Тоҷикистон фаъолият доштааст.
Тибқи ин манбаъ, Хайруллоев соли 1997 Донишкадаи низомии қушунҳои дохилии Русия, соли 2005 Академияи низомию дипломатии Вазорати дифоъ ва соли 2010 Академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Русияро хатм кардааст.
Аз соли 1997 то соли 2003 дар дар қувваҳои мусаллаҳи Русия ва аз соли 2003 то 2020 дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар мақомҳои гуногун хизмат намудааст. Тоҳир Хайруллоев аз ҷумла дар мақомҳои фармондеҳи гуруҳи десантӣ, ноиби аввали сардори Ситоди кули қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат карда, ахиран дар вазифаи машваратчии шуъбаи амнияти мудофиавии дастгоҳи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ фаъолият дошт.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, охири соли гузашта, бо имзои як амр Хайруллоев Тоҳир Шералиевичро аз мақом барканор карда, далели онро гузаштан ба кори дигар арзёбӣ карда буд, аммо мақоми наваш гуфта нашуд.
Дар сомонаи СААД омадааст, ки Тоҳир Хайруллоев аз аввали соли равон дар мақоми ноиби дабири кулли СААД кор мекунад.
Генерал Тоҳир Хайруллоев, ки қаблан дар мақомоти низомии Тоҷикистону Русия кор мекардааст, писари Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиа ва ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад.
Шералӣ Хайруллоев, ки ҳозир 71 сол дорад, моҳи ноябри соли 2013 баъди 18 соли кор ба ҳайси вазири мудофиаи Тоҷикистон аз ин мақом барканор шуд. Баъдан 25 январи 2014 Шералӣ Хайруллоев ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ таъйин шуд. Соли 2019 бо фармони раисиҷумҳур Шералӣ Хайруллоев бо сабаби ба нафақа баромадан, аз вазифаи ёвари Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои амнияти миллӣ озод шуда буд.